Ишаъё 32
32
БОБИ СИЮ ДУЮМ
Ваъдаҳо ва огоҳиҳо. Подшоҳи Раҳокунанда.
1Инак, подшоҳ бо адолат салтанат хоҳад ронд,
ва мирон бо инсоф ҳукмронӣ хоҳанд кард.
2Ва ҳар кас мисли паноҳгоҳе аз бод
ва ниҳонгоҳе аз тӯфон,
мисли ҷӯйҳои об дар саҳрои хушк,
мисли сояи кӯҳпораи бузург дар замини бемаҷол
хоҳад буд.
3Ва чашмони бинандагон пӯшида нахоҳад шуд,
ва гӯшҳои шунавандагон самъ хоҳад намуд.
4Ва дили сабукмағзон ба фаҳм кардани дониш
қобил хоҳад шуд,
ва забони сақавҳо ба гуфтани суханони возеҳ
шитоб хоҳад кард.
5Нокас дигар валинеъмат номида нахоҳад шуд,
ва қаллоб сарватдор хонда нахоҳад шуд;
6Зеро ки нокас суханони зишт ба забон меронад,
ва дили вай бадкорӣ меандешад,
то ки риёкорӣ кунад ва дар ҳаққи Худованд
суханони куфромез гӯяд,
ҷони гуруснагонро аз нон маҳрум созад
ва оби ташнагонро кашида гирад.
7Ва қаллоб воситаҳои бадро ба кор мебарад:
вай найрангҳо меандешад,
то ки мискинеро бо суханони дурӯғ нобуд кунад,
гарчанде ки камбағал аз рӯи инсоф сухан меронад.
8Валекин валинеъмат тадбирҳои олиҳимматона
меандешад,
ва ӯ дар олиҳимматӣ устувор хоҳад буд.
9Эй занони лоубол, бархоста,
овози маро бишнавед!
Эй духтарони худком,
ба суханони ман гӯш андозед!
10Эй худкомон! Каме бештар аз як соли дигар
музтариб хоҳед шуд,
зеро ки ангурчинӣ анҷом ёфтааст,
ва мавсими ғунучини меваҳо фаро нахоҳад расид.
11Эй лоуболон, биларзед!
Эй худкомон, музтариб шавед!
Либоси худро кашида, бараҳна шавед
ва палос бар камар бибандед!
12Барои мазрааҳои зебо ва токҳои серҳосил
синазанон навҳа хоҳед кард.
13Бар замини қавми ман хор ва явшон хоҳад рӯид,
ҳамчунин бар ҳамаи хонаҳои дилхушии
шаҳри пурсурур.
14Зеро ки қасрҳо тарк карда хоҳад шуд;
ғулғулаи шаҳр хотима хоҳад ёфт;
ҳисор ва бурҷи дидбонӣ то абад дар ивази
мағораҳо манзилгоҳи гӯрхарон
ва чарогоҳи чорво хоҳад шуд,
15То даме ки бар мо рӯҳе аз афроз рехта шавад,
ва биёбон ба боғистон мубаддал гардад,
ва боғистон ҷангал ҳисоб ёбад.
16Ва он гоҳ инсоф дар биёбон сокин хоҳад шуд,
ва адолат дар боғистон ҷойгир хоҳад гардид.
17Ва натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд,
ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад.
18Ва қавми ман дар макони сулҳу осоиштагӣ,
ва дар масканҳои амният, ва дар оромгоҳҳои
сафобахш ҷойгир хоҳанд шуд.
19Ва ҳангоми фурӯ ғалтидани ҷангал жола хоҳад борид,
ва шаҳр ба водӣ фурӯд хоҳад омад.
20Хушо шумо, эй касоне ки назди ҳамаи обҳо
кишт менамоед,
ва пойҳои гову хари худро ба он ҷо равона мекунед!
Currently Selected:
Ишаъё 32: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.