Касе ки бо роҳи сидқу вафо равон аст
ва аз рӯи ростӣ сухан меронад,
касе ки аз ҳирси истисмор нафрат дорад,
дастҳои худро аз гирифтани ришва нигоҳ медорад,
гӯши худро аз шунидани суханони
оид ба хунрезӣ мебандад
ва чашмони худро аз дидани шарорат мепӯшад, —
Вай дар баландиҳо сокин хоҳад шуд;
сахраҳои дастнорас паноҳгоҳи вай хоҳад буд;
нони вай дода хоҳад шуд;
оби вай таъмин хоҳад буд.