Ишаъё 30
30
БОБИ СИЮМ
Огоҳӣ дар бораи он ки бо Миср иттифоқ набанданд.
1«Эй вой бар писарони исьёнкор,
— мегӯяд Худованд, —
ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман,
ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман,
то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!
2Онҳо изни даҳони Маро напурсида,
ба Миср фурӯд меоянд,
то ки дар таҳти ҳимояти фиръавн бошанд,
ва дар сояи Миср паноҳ баранд.
3Валекин ҳимояти фиръавн барои шумо хиҷолат,
ва паноҳ бурдан дар сояи Миср шармандагӣ хоҳад буд;
4Зеро ки мирони ӯ дар Сӯан мебошанд,
ва злчиёни ӯ ба Ҳонис расидаанд;
5Ҳамаашон аз боиси қавме ки барои онҳо фоида
надоранд, хиҷил хоҳанд шуд:
на ёварӣ ва на фоида, балки хиҷолат ва
шармандагӣ хоҳад буд».
6Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ.
Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат,
ки модашер ва наррашер, афъӣ
ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд,
сарвати худро бар пушти харон,
ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда,
назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.
7Чунки ёварии мисриён ҳеҷу пуч аст;
бинобар ин онҳоро хондаам:
«Раҳаби бекорнишин».
8Акнун биё, инро бар лавҳе барои онҳо бинавис
ва дар китобе қайд намо,
то ки барои рӯзҳои оянда ба таври доимӣ,
то абад бимонад.
9Зеро ки инҳо қавми осӣ, писарони каззоб ҳастанд,
писароне ки намехоҳанд дастурҳои
Худовандро гӯш кунанд,
10Ва онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: «Ғайбдонӣ накунед!» —
ва ба анбиё мегӯянд: «Барои мо ҳақиқатро
нубувват нанамоед,
балки ба мо суханони ширин гӯед,
ҳазлу шӯхиро нубувват кунед,
11Аз роҳ дур шавед, аз тариқ берун равед,
Куддуси Исроилро аз пеши мо дур кунед!»
12Бинобар ин Қуддуси Исроил чунин мегӯяд:
«Азбаски шумо аз ин сухан безор шудаед,
ва ба зулм ва каҷравӣ умед баста, бар он такья
мекунед,
13Аз ин рӯ ин гуноҳ барои шумо
мисли рахнаи пуртаҳдиде ки дар ҳисори баланд
пайдо шуда бошад,
хоҳад буд, ки фурӯғалтии он ҳисор баногоҳ,
дар як он ба амал хоҳад омад.
14Ва фурӯғалтии он мисли шикастани кӯзаи
сафолин хоҳад буд,
ки бе шафқат пора‐пора мешавад,
ба тавре ки дар миёни пораҳояш сафолпорае
ёфт намешавад,
то ки оташ аз манқал бикашанд
ва об аз кӯлмак бигиранд».
Панд дар бораи он ки ба Худованд руҷӯъ намуда, мадади Ӯро ба зидди Санҳериб биталабанд.
15Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил
чунин мегӯяд:
«Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед;
қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»;
вале шумо нахостед.
16Ва гуфтед: «Не, мо бар аспон нишаста, хоҳем тохт», —
пас, хоҳед тохт;
«ва бар аспони сабукрав савор хоҳем шуд», —
пас, таъқибкунандагони шумо сабукрав хоҳанд шуд.
17Ҳазор нафар аз таҳдиди як нафар рӯй ба гурез
хоҳанд овард;
шумо аз таҳдиди панҷ нафар рӯй ба гурез хоҳед овард
то даме ки мисли ходае бар куллаи кӯҳ,
ва мисли ливое бар теппа бимонед.
18Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд,
то шуморо афв кунад;
ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд,
то бар шумо марҳамат кунад;
зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст;
хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!
19Ба яқин, эй қавме ки дар Сион, дар Ерусалим сокин ҳастед, дигар гирья нахоҳед кард; Ӯ ба овози фарьёдатон бар шумо раҳм хоҳад кард: онро шунидан замон, шуморо иҷобат хоҳад намуд.
20Ва агарчи Худованд ба шумо нони тангайшӣ ва оби мусибатро диҳад, муаллиматон дигар пинҳон нахоҳад шуд, ва чашмонатон муаллиматонро хоҳад дид;
21Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед.
22Ва ҷилди нуқрагини санамҳои худро, ва пӯшоки заррини бутҳои худро наҷис хоҳед донист; онҳоро мисли наҷосате дур андохта, хоҳед гуфт: «Дафъ шав!»
23Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.
24Ва нарговон ва хароне ки заминро кор мекунанд, хӯроки намакине ки бо белу сешоха бод дода шуда бошад, хоҳанд хӯрд.
25Ва дар рӯзи куштори азим, вақте ки бурҷҳо фурӯ меғалтад, бар ҳар кӯҳи саркаш ва бар ҳар теппаи баланд наҳрҳо ва ҷӯйҳои об ҷорӣ хоҳад шуд.
26Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.
27Инак, исми Худованд аз дурдаст меояд,
ғазаби Ӯ аланга мезанад, ва дуди ғализе
аз он боло мебарояд;
лабҳои Ӯ пур аз хашм аст,
ва забони Ӯ мисли оташи сӯзон аст.
28Ва нафаси Ӯ мисли селоби саршор аст,
ки то ба гардан мерасад,
то ки халқҳоро ғалбер карда ба дараҷаи нестӣ
расонад,
ва лаҷоми гумроҳиро ба даҳони қавмон андозад.
29Он гоҳ шумо мисли шаби тақдиси ид сурудгӯӣ
хоҳед кард,
ва дилшодии шумо мисли касоне хоҳад буд,
ки бо найнавозӣ мераванд,
то ба кӯҳи Худованд, назди сахраи Исроил биёянд.
30Ва Худованд кибриёи овози Худро хоҳад шунавонид,
ва тазьиқи бозуи Худро бо шиддати ғазаб
ва алангаи оташи сӯзон,
бо тундбод ва сел ва жолаи сангин
зоҳир хоҳад намуд.
31Зеро ки Ашшур аз овози Худованд шикаст
хоҳад хӯрд,
ҳангоме ки варо бо асои ғазаби Худ зарба занад.
32Ва ҳар зарбаи чӯбдасти қазо,
ки Худованд бар вай фурӯд хоҳад овард,
бо дафҳо, ва барбатҳо хоҳад буд,
ва Ӯ бо муҳорибаҳои шадид ба муқобили онҳо
ҷанг хоҳад кард.
33Зеро ки Тӯфет#30:33 Тӯфет — дар замони қадим дар ҷануби Ерусалим ҷое будааст, ки мардуми бутпараст кӯдакони худро барои бутҳо қурбонӣ мекардаанд. пешакӣ тайёр карда шудааст:
он барои подшоҳ низ муҳайёст,
ба тавре ки амиқ ва фарох гардидааст;
дар гулханаш оташ ва ҳезум бисьёр аст;
нафаси Худованд мисли наҳри кибрит онро хоҳад барафрӯхт.
Currently Selected:
Ишаъё 30: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.