1
Ишаъё 30:21
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ва гӯшҳотон суханеро аз қафои шумо хоҳад шунид, ки мегӯяд: «Роҳ ин аст, бо он биравед», вақте ки ба тарафи рост ё чап майл кунед.
Compare
Explore Ишаъё 30:21
2
Ишаъё 30:18
Ва аз ин сабаб Худованд даранг менамояд, то шуморо афв кунад; ва аз ин сабаб Ӯ канорагирӣ менамояд, то бар шумо марҳамат кунад; зеро ки Худованд Худои адлу инсоф аст; хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ таваккал мекунанд!
Explore Ишаъё 30:18
3
Ишаъё 30:15
Зеро ки Худованд Худо, Қуддуси Исроил чунин мегӯяд: «Бо тавба ва фароғат наҷот меёфтед; қуввати шумо дар оромӣ ва эътимод мебуд»; вале шумо нахостед.
Explore Ишаъё 30:15
4
Ишаъё 30:20
Ва агарчи Худованд ба шумо нони тангайшӣ ва оби мусибатро диҳад, муаллиматон дигар пинҳон нахоҳад шуд, ва чашмонатон муаллиматонро хоҳад дид
Explore Ишаъё 30:20
5
Ишаъё 30:19
Ба яқин, эй қавме ки дар Сион, дар Ерусалим сокин ҳастед, дигар гирья нахоҳед кард; Ӯ ба овози фарьёдатон бар шумо раҳм хоҳад кард: онро шунидан замон, шуморо иҷобат хоҳад намуд.
Explore Ишаъё 30:19
6
Ишаъё 30:1
«Эй вой бар писарони исьёнкор, — мегӯяд Худованд, — ки машварат қабул мекунанд, вале на аз ҷониби Ман, ва тадбирҳо меандешанд, вале на бар тибқи рӯҳи Ман, то ки гуноҳро бар гуноҳ зам кунанд!
Explore Ишаъё 30:1