Ишаъё 29
29
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Огоҳӣ ба Яҳудо ва Ерусалим.
1Эй вой бар Ариил, Ариил#29:1 Ерусалим дар назар дошта шудааст., шаҳре ки Довуд
дар он сукунат дошт!
Солро бар сол зам кунед; бигзор идҳо давр занад.
2Вале Ман Ариилро ба танг хоҳам овард,
ва нолаю фиғон хоҳад буд;
ва он барои Ман мисли Ариил хоҳад монд.
3Ва Ман дар гирди ту ӯрду хоҳам зад,
ва туро бо дидгоҳҳо муҳосира хоҳам намуд,
ва бар ту манҷаниқҳо барпо хоҳам кард.
4Ва ба залолат афтода,
аз замин сухан хоҳӣ ронд,
ва суханат аз даруни хок мутеона хоҳад буд,
ва овозат аз замин
мисли овози арвоҳ ба гӯш хоҳад расид,
ва суханат аз даруни хок пичиррос хоҳад зад.
5Валекин анбӯҳи душманонат мисли ғубори маҳин
хоҳанд шуд,
ва анбӯҳи ситамгарон мисли коҳрезае ки
пароканда мешавад;
ва ин баногоҳ, дар як он воқеъ хоҳад шуд.
6Худованди лашкарҳо туро бо раъд,
ва заминҷунбӣ, ва садои азим,
ва тӯфон, ва тундбод, ва алангаи оташи сӯзон
тафаққуд хоҳад кард.
7Ва анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар Ариил
лашкар мекашанд,
ва ҳамаи лашкарҳое ки бо он меҷанганд,
ва бар зидди он қалъаҳои муҳосира барпо мекунанд,
ва онро ба танг меоваранд, мисли хоб
ва рӯъёи шаб хоҳанд буд.
8Ва чунон ки гурусна хоб мебинад,
ки инак нон мехӯрад,
вале ҳамин ки бедор шавад, ҷонаш гурусна аст;
ва чунон ки ташна хоб мебинад,
ки инак об менӯшад,
вале ҳамин ки бедор шавад, инак бемаҷол аст,
ва ҷонаш ташна аст, —
анбӯҳи ҳамаи халқҳое ки бар кӯҳи Сион
лашкар мекашанд,
ончунон хоҳанд шуд.
9Дер мемонед, ва мутаҳайир хоҳед шуд!
Худро кӯр месозед, ва кӯр хоҳед буд!
Онҳо маст шудаанд, вале на аз шароб;
мекалаванд, вале на аз арақ.
10Зеро ки Худованд бар шумо рӯҳи хоби
гаронро равона карда,
чашмони шуморо бастааст,
яъне набиёну сардорони ғайбгӯи шуморо
нобино гардонидааст.
11Ва ҳар рӯъё барои шумо мисли суханони номаи сарбамӯҳр аст, ки онро ба касе ки хонданро медонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», вале ӯ мегӯяд: «Наметавонам, чунки он сарбамӯҳр аст».
12Ва он номаро ба касе ки хонданро намедонад, дода мегӯянд: «Инро бихон», ва ӯ мегӯяд: «Хонданро намедонам».
13Ва Худованд гуфт:
«Азбаски ин қавм бо даҳони худ ба Ман
наздик мешаванд
ва бо лабҳои худ Маро ҷалол медиҳанд,
вале дили худро аз Ман дур кардаанд,
ва тарси онҳо аз Ман натиҷаи омӯхтани
аҳкоми инсонист, —
14Бинобар ин Ман боз ин қавмро бо рафтори
аҷибу ғарибе дар ҳайрат хоҳам андохт,
ва ҳикмати ҳакимони онҳо ба ҳалокат хоҳад расид,
ва ақли оқилони онҳо нопадид хоҳад шуд».
15Эй вой бар онҳое ки қарори худро аз Худованд
бағоят амиқ пинҳон медоранд,
ва аъмолашон дар торикист,
ва онҳо мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад?
Ва кист, ки моро бидонад?»
16Эй вой аз каҷрафториҳои шумо!
Оё кӯзагарро мисли гил ҳисоб кардан мумкин аст?
Оё шоиста аст, ки маснӯъ дар бораи сонеи худ
бигӯяд: «Ӯ маро насохтааст», —
ва асар дар бораи эҷодкори худ бигӯяд:
«Ӯ фаҳме надорад»?
17Охир, баъд аз андак вақт
Лубнон ба боғистон мубаддал хоҳад шуд,
ва боғистон ҷангал ҳисоб хоҳад ёфт.
18Ва дар он рӯз карон суханони китобро хоҳанд шунид,
ва чашмони кӯрон аз даруни торикӣ
ва зулмот хоҳад дид.
19Ва ҳалимон шодмонии худро дар Худованд
афзун хоҳанд кард,
ва мардуми мискин дар Қуддуси Исроил
ба ваҷд хоҳанд омад.
20Зеро ки ситамгар дигар нахоҳад буд,
ва масхарабоз нобуд хоҳад шуд,
ва ҳамаи шавқмандони шарорат маҳв хоҳанд шуд,
21Ки онҳо одамро бо сухане гумроҳ месозанд,
ва барои касе ки назди дарвоза#29:21 Дарвоза — ҷои нишасти довар аст, ки дар майдони пеши дарвозаи шаҳр буд. додхоҳӣ
менамояд, дом мегузоранд,
ва одилро бо суханони беасос гирифтори
ноинсофӣ мекунанд.
22Бинобар ин Худованд, ки Иброҳимро
раҳонидааст,
дар бораи хонадони Яъқуб чунин мегӯяд:
«Акнун Яъқуб хиҷил нахоҳад шуд, ва акнун
ранги рӯяш нахоҳад канд;
23Зеро, вақте ки онҳо фарзандони худро,
яъне амали дастҳои Маро
андаруни худ бубинанд,
онҳо исми Маро тақдис хоҳанд кард,
ва қудсияти Қуддуси Яъқубро хоҳанд шинохт,
ва Худои Исроилро такбир хоҳанд гуфт;
24Ва онҳое ки рӯҳашон гумроҳ аст,
аз хирад воқиф хоҳанд шуд,
ва норизоён дарси ибрат хоҳанд омӯхт».
Currently Selected:
Ишаъё 29: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.