YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 31

31
БОБИ СИЮ ЯКУМ
Огоҳии дуюм ба Яҳудо, ки бо Миср иттифоқ набандад.
1Эй вой бар онҳое ки барои мадад ба Миср
фурӯд меоянд,
ва бар аспон такья менамоянд,
ва бар аробаҳо ба сабаби бисьёрии онҳо,
ва бар саворон ба сабаби пурзӯрии онҳо
таваккал мекунанд,
валекин ба Қуддуси Исроил рӯ намеоваранд,
ва аз Худованд дархост намекунанд!
2Вале Ӯ низ хирадманд аст, ва ҳалокат хоҳад овард,
ва суханони Худро ботил нахоҳад кард,
ва бар зидди хонадони бадкешон
ва мадади бадкирдорон қиём хоҳад намуд.
3Ва мисриён одамизоданд ва на Худо,
ва аспони онҳо ҷисманд ва на рӯҳ;
ва чун Худованд дасти Худро дароз кунад,
мададгор пешпо хоҳад хӯрд,
ва мададталаб фурӯ хоҳад ғалтид,
ва ҳамаашон якҷоя нобуд хоҳанд шуд.
4Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Чунон ки шер ва шербача бар сайди худ наъра мезанад,
дар сурате ки анбӯҳи чӯпонон бар зидди вай
ҷамъ мешаванд,
вале вай аз садои онҳо наметарсад
ва аз ҳаёҳуи онҳо сар хам намекунад, —
ончунон Худованди лашкарҳо фурӯд меояд,
то ки барои кӯҳи Сион ва теппаи он
ҳарбу зарб кунад».
5Чунон ки мурғон бар чӯҷаҳои худ дар парвоз
мебошанд,
ончунон Худованди лашкарҳо Ерусалимро
ҳимоят хоҳад кард,
муҳофизат намуда, халосӣ хоҳад дод,
шафаққат намуда, раҳо хоҳад кард.
6Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Ӯ, ки маъсиятро бар зиддаш афзун кардаед, руҷӯъ намоед.
7Зеро ки дар он рӯз ҳар кас бутҳои нуқраи худ ва бутҳои тиллои худро, ки дастҳои шумо барои гуноҳ сохтааст, тарк хоҳад кард.
8«Ва Ашшур аз шамшере ки аз они инсон набошад,
фурӯ хоҳад ғалтид,
ва шамшере ки аз они одам набошад,
варо маҳв хоҳад кард, — вай аз шамшер хоҳад гурехт,
ва ҷавонони вай хироҷгузор хоҳанд шуд.
9Ва сахраи вай аз тарс рӯй ба гурез хоҳад овард,
ва мирони вай аз ливо ҳаросон хоҳанд шуд», —
мегӯяд Худованд, ки оташи Ӯ дар Сион,
ва кӯраи Ӯ дар Ерусалим мебошад.

Currently Selected:

Ишаъё 31: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in