YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 25

25
БОБИ БИСТУ ПАНҶУМ
Тантанаи Малакуми Худованд ва Худо.
1Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ.
Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям,
чунки корҳои аҷиб кардаӣ;
муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
2Зеро ки Ту шаҳрро ба сангтӯдае,
пойтахти истеҳкомдорро ба харобазор табдил додаӣ;
қасри бегонаҳоро аз шаҳр маҳв намудаӣ,
ки он ҳаргиз бино нахоҳад ёфт.
3Бинобар ин қавмони зӯровар Туро ҷалол хоҳанд дод;
шаҳрҳои халқҳои мустабид аз Ту хоҳанд тарсид.
4Зеро ки Ту қалъае барои бенаво,
қалъае барои мискин дар вақти тангии вай,
паноҳгоҳе аз борони сел, сояе аз гармо будӣ;
зеро ки нафаси қаҳролуди мустабидон
мисли селоби деворшикан аст.
5Ҳаёҳуи бегонаҳоро мисли гармо дар саҳрои
хушк Ту фурӯ хоҳӣ нишонид;
тараннуми мустабидон мисли гармо аз сояи
абр паст хоҳад шуд.
6Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои
ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин,
базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои
равғанини болаззат
ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост;
7Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон
пӯшонида шудааст,
ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда
шудааст, барҳам хоҳад дод;
8Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд,
ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо
пок хоҳад кард,
ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин
дур хоҳад сохт;
зеро ки Худованд гуфтааст.
9Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт:
«Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем,
ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод!
Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем,
пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
10Зеро ки дасти Худованд бар ин кӯҳ қарор хоҳад ёфт,
ва Мӯоб дар ҷои худ поймол хоҳад шуд,
чунон ки коҳ дар ахлот поймол мешавад;
11Ва ҳарчанд вай дастҳои худро андаруни он
ҳаракат диҳад,
чунон ки шиновар барои шино кардан
ҳаракат медиҳад, —
вале Ӯ такаббури варо бо якҷоягии ҳилаҳои
дастҳои вай паст хоҳад кард.
12Ва Ӯ ҳисорҳои баланди истеҳкомдори
туро вожгун намуда,
фурӯ хоҳад ғалтонид, бар замин афканда,
ба хок яксон хоҳад кард.

Currently Selected:

Ишаъё 25: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in