Ишаъё 24
24
БОБИ БИСТУ ЧОРУМ
Доварии Худо бар замин. Зуҳури ояндаи ҷалоли Худо.
1Инак, Худованд заминро холӣ ва хароб мекунад, ва сатҳи онро дигаргун месозад, ва сокинони онро пароканда менамояд.
2Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.
3Замин тамоман беодам ва толону тороҷ хоҳад шуд, зеро ки Худованд ин суханро гуфтааст.
4Замин мотам гирифтааст, сархам шудааст; дуньё афсурдахотир ва сархам шудааст; олимақомони қавми замин афсурдахотир шудаанд.
5Ва замин зери сокинонаш палид шудааст, зеро ки онҳо дастурҳоро поймол кардаанд, аз фароиз берун баромадаанд, аҳди ҷовидониро шикастаанд.
6Бинобар ин лаънат заминро хӯрдааст, ва сокинони он ба ҷазо дучор шудаанд; бинобар ин сокинони замин сӯхтаанд, ва аз одамон андаке боқӣ мондаанд.
7Шираи ангур мотам гирифтааст;
ток афсурдахотир шудааст;
ҳамаи шоддилон оҳ мекашанд.
8Шодмонии дафҳо барҳам хӯрдааст;
ғавғои айёшон хотима ёфтааст;
шодмонии барбатҳо барҳам хӯрдааст.
9Дигар бо суруд шароб наменӯшанд;
арақ барои нӯшандагонаш талх шудааст.
10Шаҳри хароба ба шикаст гирифтор шудааст;
ҳар хона баста аст, ва касе наметавонад дарояд.
11Дар кӯчаҳо аз барои шароб фиғон мекашанд;
ҳар гуна сурур тира гардидааст;
шодмонии замин талаф шудааст.
12Дар шаҳр харобӣ ҳукмфармост,
ва дарвозаи он шикаста пора‐пора шудааст.
13Ва дар миёни замин, дар байни қавмон ончунон хоҳад шуд,
чунон ки дар вақти зада афшондани дарахти зайтун
ва баъд аз анҷоми ангурчинӣ якчанд шингиле боқӣ мемонад.
14Онҳо овози худро баланд карда, тараннум хоҳанд намуд:
дар бораи кибриёи Худованд аз ҷониби баҳр бо шодӣ садо хоҳанд баровард.
15Бинобар ин Худовандро дар шарк,
ва исми Худованд Худои Исроилро
дар ҷазираҳои ғарб ҷалол диҳед.
Мусибати бузург.
16Аз ақсои замин мо сурудҳоро шунидаем:
«Одилро ҷалол бод!»
Ва ман гуфтам: «Дареғо бар ман!
Дареғо бар ман! Вой бар ман!
Хоинон хиёнат кардаанд,
ва хоинон хиёнат бар хиёнат зам кардаанд».
17Эй сокини замин,
тарс ва чоҳ ва дом бар туст!
18Ва воқеъ хоҳад шуд, ки ҳар кӣ аз овози тарс
бигрезад, ба чоҳ хоҳад афтод;
ва ҳар кӣ аз даруни чоҳ барояд, ба дом хоҳад афтод;
зеро ки равзанҳо аз афроз кушода хоҳад шуд,
ва асосҳои замин ба ларза хоҳад омад.
19Замин пора‐пора шудааст,
замин аз ҳам ҷудо шудааст,
замин вожгун гардидааст.
20Замин мисли маст мекалавад,
ва мисли арғунчак алвонҷ мехӯрад;
ва ҷинояташ бар он гаронӣ мекунад;
ва фурӯ хоҳад ғалтид,
ва дигар нахоҳад бархост.
21Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки Худованд лашкари афрозро бар афроз,
ва подшоҳони заминро бар замин тафаққуд
намуда, ҷазо хоҳад дод.
22Ва мисли издиҳоми бандиён дар чоҳе
ҷамъ оварда хоҳанд шуд,
ва дар зиндон баста хоҳанд шуд,
ва баъд аз рӯзҳои бисьёр тафаққуд карда хоҳанд шуд.
23Ва моҳ хиҷил, ва офтоб шармсор хоҳад шуд,
зеро ки Худованди лашкарҳо бар кӯҳи Сион
ва дар Ерусалим салтанат хоҳад ронд,
ва ба хузури пирони Худ ҷалол хоҳад ёфт.
Currently Selected:
Ишаъё 24: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.