Ишаъё 26
26
БОБИ БИСТУ ШАШУМ
Исроил, ки аз нав барпо гардида, ба Худо руҷӯъ намудааст, Худовандро ҷалол медиҳад.
1Дар он рӯз ин суруд дар замини Яҳудо
сароида хоҳад шуд:
«Мо шаҳри мустаҳкаме дорем;
Ӯ наҷотро чун ҳисор ва садд ба вуҷуд овардааст.
2Дарвозаҳоро бикшоед, то халқи одиле ки имонашонро
нигоҳ медоранд, ворид шаванд.
3Дили боматонатро Ту дар осоиштагии комил
нигоҳ медорӣ,
зеро ки вай ба Ту таваккал мекунад.
4Ба Худованд то абад таваккал кунед,
зеро ки Худованд Худо сахраи ҷовидонист.
5Зеро ки Ӯ болонишинонро вожгун намудааст,
шаҳри олишонро фурӯ ғалтонидааст,
онро то ба замин фурӯ ғалтонида, ба хок яксон кардааст.
6Онро пойҳо поймол мекунад, —
пойҳои мискинон, қадамҳои бенавоён».
7Роҳи одил рост аст;
Ту, эй Росткор, тариқи одилро ҳамвор мекунӣ.
8Ва дар роҳи довариҳои Ту, эй Худованд,
мо ба Ту умед бастаем,
ва ҷони мо иштиёқманди исми Ту ва зикри Ту мебошад.
9Шабонгаҳ ман бо ҷони худ муштоқи Ту ҳастам,
ва саҳаргоҳон ман бо рӯҳи худ дар андарунам
Туро металабам;
зеро вақте ки довариҳои Ту бар замин ба амал ояд,
сокинони дуньё инсофро таълим хоҳанд гирифт.
10Агар шарир омурзида шавад,
адлу инсофро таълим нахоҳад гирифт, —
дар замини росткорон ноинсофӣ хоҳад кард,
ва кибриёи Худовандро нахоҳад дид.
11Худовандо! Дасти Ту баланд бардошта шудааст, аммо онҳо намебинанд;
чун рашки Туро барои қавмат бинанд,
хиҷил хоҳанд шуд;
оташи хашмат адуёни Туро фурӯ хоҳад бурд.
12Худовандо! Осоиштагиро барои мо барқарор намо;
зеро ки ҳамаи корҳои моро низ Ту барои мо
ба амал овардаӣ.
13Худовандо, Худои мо! Ҳокимон ба ғайр аз Ту
бар мо салтанат меронданд,
аммо танҳо ба Ту умед баста, исми Туро зикр менамудем.
14Мурдагон зинда нахоҳанд шуд;
арвоҳи мурдагон нахоҳанд бархост;
зеро ки Ту онҳоро тафаққуд намуда, нобуд сохтаӣ,
ва тамоми зикрашонро маҳв кардаӣ.
15Халқро афзун намудаӣ, эй Худованд,
халқро афзун намуда, Худро ҷалол додаӣ,
тамоми ҳудуди заминашонро васеъ кардаӣ.
16Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро
талабидаанд;
чун аз Ту ҷазо меёфтанд,
бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.
17Чунон ки зани ҳомиладор
ҳангоми наздик омадани зоиданаш
аз дардҳои сахти худ печутоб хӯрда,
фарьёд мезанад, ончунон мо низ,
эй Худованд, ба ҳузури Ту будем.
18Ҳомила шуда, печутоб мехӯрдем,
вале гӯё ки бодро мезоидем:
ҳеҷ наҷоте барои замин ба амал наомад,
ва сокинони дуньё фурӯ нағалтиданд.
19Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд,
майитҳои ман бархезанд!
Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед!
Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст,
ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд.
20Эй қавми ман, биёед, ба ҳуҷраҳои худ дароед,
ва дарҳои худро аз қафои худ бибандед,
як лаҳзае пинҳон шавед,
то даме ки ғазаб бигзарад.
21Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд,
то ки сокинони заминро барои гуноҳашон сазо диҳад;
ва замин хунҳои фурӯбурдаи худро ошкор хоҳад кард,
ва мақтулони худро дигар пинҳон нахоҳад дошт.
Currently Selected:
Ишаъё 26: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.