1
Ишаъё 25:1
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Худовандо! Ту Худои ман ҳастӣ. Туро такбир менамоям, исми Туро ҳамд мегӯям, чунки корҳои аҷиб кардаӣ; муқаддароти қадими Ту ҳақ асту рост.
Compare
Explore Ишаъё 25:1
2
Ишаъё 25:8
Маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд, ва Худованд Худо ашкҳоро аз ҳамаи чеҳраҳо пок хоҳад кард, ва нанги қавми Худро аз рӯи тамоми замин дур хоҳад сохт; зеро ки Худованд гуфтааст.
Explore Ишаъё 25:8
3
Ишаъё 25:9
Ва дар он рӯз хоҳанд гуфт: «Инак, Худои мо, ки ба Ӯ умед бастаем, ва Ӯ моро наҷот хоҳад дод! Ин аст Худованде ки ба Ӯ умед бастаем, пас дар наҷоти Ӯ шодӣ ва хурсандӣ хоҳем кард!»
Explore Ишаъё 25:9
4
Ишаъё 25:7
Ва бар ин кӯҳ рӯпӯшеро, ки бар ҳамаи қавмон пӯшонида шудааст, ва пардаеро, ки бар ҳамаи халқҳо густурда шудааст, барҳам хоҳад дод
Explore Ишаъё 25:7
5
Ишаъё 25:6
Ва Худованди лашкарҳо бар ин кӯҳ барои ҳамаи қавмон базме аз таомҳои равғанин, базме аз шаробҳои кӯҳна — аз таомҳои равғанини болаззат ва аз шаробҳои кӯҳнаи мусаффо — хоҳад орост
Explore Ишаъё 25:6