Ишаъё 19
19
БОБИ НУЗДАҲУМ
Нубувват дар бораи Миср.
1Ваҳй дар бораи Миср.
Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда,
ба Миср меояд.
Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод,
ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.
2Ва Ман мисриёнро бар мисриён хоҳам барангехт,
ва онҳо бародар бо бародар, ва ёр бо ёр,
ва шаҳр бо шаҳр, ва мамлакат бо мамлакат
ҷанг хоҳанд кард.
3Ва рӯҳи Миср андаруни вай бемаҷол хоҳад шуд,
ва Ман машварати онро дарҳам‐барҳам хоҳам кард,
ва онҳо аз бутҳо ва фолбинон ва ҷодугарон
ва азоимхонон дархост хоҳанд намуд.
4Ва Ман Мисрро ба дасти ҳокими сахтгире
хоҳам супурд,
ва подшоҳи золиме бар онҳо ҳукмронӣ хоҳад кард,
— мегӯяд Худованд, Худованди лашкарҳо.
5Ва обҳои баҳр кам шуда,
наҳр хароб ва хушк хоҳад гардид.
6Ва наҳрҳо гандида,
ҷӯйҳои Миср камоб ва хароб хоҳад шуд;
най ва қамиш хушк хоҳад гардид.
7Чаманҳое ки дар атрофи дарьё,
дар соҳилҳои дарьё воқеъ аст,
ва тамоми киштзори назди дарьё хушкида,
парешон ва нест хоҳад шуд.
8Ва моҳигирон нола хоҳанд кард,
ва ҳамаи онҳое ки шаст ба дарьё меандозанд,
мотам хоҳанд гирифт,
ва онҳое ки тӯр бар рӯи об мегустаронанд,
ғамгин хоҳанд шуд.
9Ва наддофони катон
ва бофандагони матои сафед хиҷил хоҳанд шуд.
10Ва пояҳои он афсурдахотир,
ва ҳамаи муздурон афтодарӯҳ хоҳанд шуд.
11Ба яқин, мирони Сӯан аблаҳ ҳастанд;
ҳокимони машваратчии фиръавн
машварати ҷоҳилона медиҳанд.
Пас шумо чӣ гуна метавонед ба фиръавн бигӯед:
«Ман писари ҳакимон ҳастам,
писари подшоҳони қадимам?»
12Пас ҳакимони ту куҷоянд?
Бигзор онҳо ба ту гӯянд,
ва бигзор донанд, ки Худованди лашкарҳо
барои Миср чӣ қароре кардааст.
13Мирони Сӯан аблаҳ шудаанд;
мирони Нуф фиреб хӯрдаанд;
Мисрро аркони сибтҳои вай
гумроҳ кардаанд.
14Худованд андаруни он рӯҳи дарҳам‐баҳрамӣ
даровардааст,
ва онҳо Мисрро дар тамоми аъмоли он
гумроҳ кардаанд,
мисли он ки маст роҳро гум карда,
дар қаи худ афтода мехобад.
15Ва дар Миср коре нахоҳад буд,
ки сар ва дум, нахл ва най тавонад онро
ба ҷо оварад.
16Дар он рӯз Миср мисли занон хоҳад буд, ва аз ҳаракати дасти Худованди лашкарҳо, ки Ӯ бар вай мебардорад, ларзон ва тарсон хоҳад шуд.
17Ва замини Яҳудо барои Миср манбаи даҳшат хоҳад буд: ҳамин ки зикри онро бишнавад, хоҳад тарсид, аз боиси қароре ки Худованди лашкарҳо дар ҳаққи вай қабул кардааст.
18Дар он рӯз панҷ шаҳр дар замини Миср ба забони Канъон сухан ронда, ба Худованди лашкарҳо қасам хоҳанд хӯрд; яке Ир‐Ҳаҳерес номида хоҳад шуд.
19Дар он рӯз қурбонгоҳе барои Худованд дар миёнаҷои замини Миср, ва сутуне барои Худованд назди сарҳади он хоҳад буд.
20Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.
21Ва Худованд ба мисриён маъруф хоҳад шуд, ва мисриён дар он рӯз Худовандро хоҳанд шинохт, ва бо қурбониҳо ва ҳадияҳо Ӯро ибодат хоҳанд намуд, ва барои Худованд назр карда, онро ба ҷо хоҳанд овард.
22Ва Худованд мисриёнро зарба хоҳад зад; зарба зада, шифо хоҳад дод: чун сӯи Худованд руҷӯъ кунанд, Ӯ онҳоро иҷобат намуда, шифо хоҳад дод.
23Дар он рӯз шоҳроҳе аз Миср ба Ашшур хоҳад буд, ва ашшуриён ба Миср, ва мисриён ба Ашшур хоҳанд рафт; ва мисриён бо ашшуриён Худовандро ибодат хоҳанд кард.
24Дар он рӯз Исроил бо Миср ва бо Ашшур сегона хоҳад шуд; вай дар миёни замин баракат хоҳад буд,
25Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».
Currently Selected:
Ишаъё 19: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.