YouVersion Logo
Search Icon

Ишаъё 20

20
БОБИ БИСТУМ
Нубувват дар бораи ғалабаи Ашшур бар Миср.
1Дар соле ки Тартон ба Ашдӯд омад, вақте ки Сарҷун, подшоҳи Ашшур ӯро фиристод, ва бо Ашдӯд ҷанг карда, онро забт намуд,
2Дар ҳамон вақт Худованд ба воситаи Ишаъё ибни Омӯс сухан ронда, гуфт: «Бирав, ва палосро аз камари худ бикшо, ва кафшро аз пойҳои худ дур кун». Ва ӯ чунин кард: бараҳна ва пойлуч роҳ мерафт.
3Ва Худованд гуфт: «Чунон ки бандаи Ман Ишаъё се сол бараҳна ва пойлуч роҳ рафтааст, то аломате ва ишорате дар бораи Миср ва Ҳабаш бошад,
4Ончунон подшоҳи Ашшур асирони Миср ва матрудони Ҳабашро — ҷавонон ва пиронро — бараҳна ва пойлуч ва кунлуч хоҳад бурд, то ки расвоӣ барои Миср бошад.
5Ва аз Ҳабаш, ки пуштибони онҳост, ва аз Миср, ки ифтихори онҳост, ҳаросон ва хиҷил хоҳанд шуд.
6Ва дар он рӯз сокинони ин соҳил хоҳанд гуфт: „Инак, чунин аст ҳоли пуштибони мо, ки ба кӯмакаш рӯ оварда будем, то аз подшоҳи Ашшур раҳо шавем! Пас, мо чӣ гуна халосӣ меёбем?“»

Currently Selected:

Ишаъё 20: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in