1
Ишаъё 19:25
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Ки онро Худованди лашкарҳо баракат дода, хоҳад гуфт: «Муборак аст қавми Ман — Миср, ва амали дасти Ман — Ашшур, ва мероси Ман — Исроил».
Compare
Explore Ишаъё 19:25
2
Ишаъё 19:20
Ва инҳо аломате ва шаҳодате барои Худованди лашкарҳо дар замини Миср хоҳад буд, зеро ки сӯи Худованд аз дасти ҷафокорони худ фарьёд хоҳанд зад, ва Ӯ наҷотдиҳанда ва пуштибоне барои онҳо фиристода, онҳоро халосӣ хоҳад дод.
Explore Ишаъё 19:20
3
Ишаъё 19:1
Ваҳй дар бораи Миср. Инак, Худованд бар абри сабукрав савор шуда, ба Миср меояд. Ва аз ҳузури Ӯ бутҳои Миср ба ларза хоҳанд афтод, ва дили Миср андаруни вай заиф хоҳад шуд.
Explore Ишаъё 19:1
4
Ишаъё 19:19
Дар он рӯз қурбонгоҳе барои Худованд дар миёнаҷои замини Миср, ва сутуне барои Худованд назди сарҳади он хоҳад буд.
Explore Ишаъё 19:19