Ишаъё 18
18
БОБИ ҲАЖДАҲУМ
Вой бар заминҳое ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст.
1Эй вой бар замини пур аз садои болҳои малах,
ки дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ аст,
2Ва элчиёнашро бо роҳи баҳр,
ва дар киштиҳои бардӣ бар рӯи об мефиристад!
Эй қосидони тезрав, биравед назди халқи
қоматбаланд ва ранги пӯсташон мисгун,
назди қавме ки барои муҳити атрофи наздик
ва дур саҳмгин ҳастанд,
яъне халқи пурқувват ва шикастоваре
ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад.
3Эй ҳамаи бошандагони дуньё ва сокинони замин!
Чун ливое бар кӯҳҳо барафрошта шавад, бингаред,
ва чун шох садо диҳад, бишнавед.
4Зеро ки Худованд ба ман чунин гуфтааст:
«Ман дар маскани Худ оромида, назар хоҳам кард,
мисли гармои тафсон ҳангоми нурафшонии офтоб,
мисли абри шабнамӣ дар гармии мавсими дарав».
5Зеро ки пеш аз ангурканӣ, вақте ки ток
аз гул фуромада,
муғҷаҳо ба ғӯра мубаддал мешавад,
Ӯ шохаҳоро бо қайчии токбурӣ хоҳад бурид,
ва навдаҳоро бурида дур хоҳад андохт.
6Ва ҳамааш барои мурғони соҳибчанголи кӯҳистон
ва барои ҳайвоноти замин вогузошта хоҳад шуд;
ва мурғони соҳибчангол тобистонро бар онҳо
ба сар хоҳанд бурд,
ва тамоми ҳайвоноти замин зимистонро
бар онҳо хоҳанд гузаронид.
7Дар он замон инъоме барои Худованди лашкарҳо
аз қавми қоматбаланд
ва ранги пӯсташон мисгун,
ва аз қавме ки барои муҳити атрофи наздик
ва дур саҳмгин ҳастанд,
яъне аз халқи пурқувват ва шикастоваре
ки наҳрҳо заминашонро бурида мегузарад,
ба макони исми Худованди лашкарҳо,
ба кӯҳи Сион оварда хоҳад шуд.
Currently Selected:
Ишаъё 18: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.