Ишаъё 11
11
БОБИ ЁЗДАҲУМ
Масеҳ Малакути осоиштагӣ барпо намуда, парокандагонро ҷамъ хоҳад кард.
1Ва навдае аз танаи Йисой берун хоҳад омад,
ва ниҳоле аз решаҳояш сабзида, бор хоҳад овард.
2Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд,
рӯҳи ҳикмат ва хирад,
рӯҳи машварат ва қудрат,
рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ
қарор хоҳад гирифт.
3Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард,
ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш
доварӣ хоҳад намуд,
ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард,
4Балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард,
ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд;
ва бо чӯбдасти даҳонаш заминро зарба хоҳад зад,
ва бо дами лабҳояш шарирро хоҳад кушт.
5Ва адолат миёнбанди камараш,
ва садоқат камарбанди миёнаш хоҳад буд.
6Ва гург бо барра зиндагӣ хоҳад кард,
ва паланг бо бузғола хоҳад хобид;
ва гӯсола ва шербача ва парворӣ бо ҳам хоҳанд буд,
ва кӯдаки хурде онҳоро хоҳад чаронид.
7Ва гов бо хирс хоҳад чарид,
ва бачаҳои онҳо бо ҳам хоҳанд хобид;
ва шер мисли гов коҳ хоҳад хӯрд.
8Ва бачаи ширмак бар сӯрохи мори гурза
бозӣ хоҳад кард,
ва кӯдаки аз пистон баромада дасти худро
ба хонаи мори афъӣ дароз хоҳад кард.
9Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман
бадӣ нахоҳанд кард ва осебе нахоҳанд расонид,
зеро замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд,
мисли он ки баҳр пур аз обҳост.
10Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки решаи Йисой ливое барои қавмҳо хоҳад
гардид, — халқҳо ба ӯ рӯ хоҳанд овард,
ва осоиштагӣ ҷалоли ӯ хоҳад буд.
11Ва дар он рӯз воқеъ хоҳад шуд,
ки Худованд дубора дасти Худро дароз хоҳад кард,
то ки бақияи қавми Худро,
ки аз Ашшур ва Миср, аз Патрос ва Ҳабаш,
аз Элом ва Шинъор ва аз Ҳамот
ва ҷазираҳои баҳр саломат монда бошанд,
баргардонад.
12Ва Ӯ ливое барои халқҳо барафрошта,
рондашудагони Исроилро ҷамъ хоҳад кард,
ва парокандагони Яҳудоро
аз чор канори дуньё фароҳам хоҳад овард.
13Ва ҳасади Эфроим нест хоҳад шуд,
ва душманони Яҳудо маҳв хоҳанд гардид.
Эфроим аз Яҳудо ҳасад нахоҳад хӯрд,
ва Яҳудо Эфроимро ба танг нахоҳад овард.
14Ва онҳо якҷоя бар китфи фалиштиён ба ғарб
ҳуҷум хоҳанд овард,
аҳли шарқро тороҷ хоҳанд кард,
бар Эдӯм ва Мӯоб дасти худро хоҳанд гузошт,
ва банӣ‐Аммӯн ба онҳо тобеъ хоҳанд шуд.
15Ва Худованд халиҷи баҳри Мисрро хоҳад хушконид,
ва дасти Худро бо боди шадиди Худ бар наҳр
афшонда,
онро ба ҳафт ҷӯй тақсим хоҳад кард,
ва одамонро бо роҳи хушк хоҳад гузаронид.
16Ва барои бақияи қавми Ӯ,
ки аз Ашшур саломат монда бошанд,
шоҳроҳе мавҷуд хоҳад буд,
чунон ки барои Исроил дар рӯзи берун
омадани вай аз замини Миср мавҷуд буд.
Currently Selected:
Ишаъё 11: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.