Ишаъё 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Суруди ҳамду санои наҷотьёфтагон.
1Ва дар он рӯз хоҳӣ гуфт:
«Туро, эй Худованд, ҳамд мегӯям,
зеро ки ҳарчанд бар ман ғазаб кардӣ,
аммо ғазабат фурӯ нишаст,
ва маро тасаллӣ додӣ.
2Инак, Худо наҷоти ман аст:
ман ба Ӯ таваккал мекунам, ва наметарсам,
зеро ки қуввати ман ва суруди ман Худованд Худост,
ва Ӯ наҷоти ман гардидааст».
3Ва бо шодмонӣ
аз чашмаҳои наҷот об хоҳед кашид.
4Ва дар он рӯз хоҳед гуфт:
«Худовандро ҳамд гӯед, исми Ӯро бихонед;
корҳои Ӯро дар миёни қавмон хабар диҳед;
зикр намоед, ки исми Ӯ олист.
5Худовандро бисароед, зеро ки Ӯ
корҳои бузург кардааст;
ин дар тамоми замин маълум аст.
6Ба ваҷд ой ва бисарой, эй сокинаи Сион,
зеро ки Қуддуси Исроил андаруни ту бузург аст».
Currently Selected:
Ишаъё 12: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.