Ва бар Ӯ Рӯҳи Худованд,
рӯҳи ҳикмат ва хирад,
рӯҳи машварат ва қудрат,
рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ
қарор хоҳад гирифт.
Ва рӯҳи худотарсӣ Ӯро пур хоҳад кард,
ва Ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш
доварӣ хоҳад намуд,
ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард