Воиз 8
8
БОБИ ҲАШТУМ
Хушо тарсгорони Худо ва онҳое ки ба ҳукуматдорон итоат мекунанд.
1Кист, ки тавонад мисли хирадманд бошад? Ва кист, ки таъбири ҳар чизро бидонад? Ҳикмати одамизод чеҳраи ӯро равшан мекунад, ва шиддати чеҳраи ӯ тағьир меёбад.
2Ман гуфтам: амри подшоҳро риоя намо, ба хотири савганде ки ба исми Худо ёд карда мешавад.
3Ба рафтан аз пеши ӯ шитоб накун, дар кори бад истодагӣ накун, зеро ки ӯ ҳар чи хоҳад, мекунад.
4Азбаски сухани подшоҳ тасаллут дорад, кист, ки ба ӯ бигӯяд: «Чӣ мекунӣ?»
5Касе ки ҳукмро риоя намояд, чизи баде нахоҳад дид; вале дили хирадманд вақт ва доварии муносибро медонад.
6Зеро ки барои ҳар чиз вақт ва доварии муносибе ҳаст, ҳар чанд ки бадии одамизод бар вай гарон меояд,
7Зеро ӯ он чиро, ки воқеъ хоҳад шуд, намедонад, ва кист, ки анҷоми онро ба ӯ бигӯяд?
8Одамизод бар рӯҳи худ тасаллут надорад, то ки рӯҳро боздорад; ҳамчунин бар рӯзи мамот тасаллут надорад, ва чунон ки дар ин корзор ӯро раҳоӣ нест, шарорат низ соҳибашро халос намекунад.
9Ҳамаи инро дидам, ва дили худро ба ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, ниҳодам: бисьёр вақтҳо одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад.
10Ва ҳамчунин шариронро дидам, ки гӯронида шуданд, ва ба оромгоҳи худ расиданд; вале онҳое ки росткор буданд ва дар макони муқаддас омадурафт доштанд, дар шаҳр фаромӯш гардиданд. Ин низ ҳеҷу пуч аст!
11Азбаски фатво оид ба амали бад ба зудӣ иҷро намешавад, бинобар ин дили банӣ‐одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад.
12Агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд;
13Валекин барои шарир некӯӣ нахоҳад буд, ва ӯ мисли соя умри дароз нахоҳад дид, чунки аз Худо наметарсад.
14Чизҳои ҳеҷу пуче ҳаст, ки бар рӯи замин ба амал меояд: одилоне ҳастанд, ки подоши сазовори амали шарирон насибашон мешавад, ва шарироне ҳастанд, ки подоши сазовори амали одилон насибашон мешавад. Гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст!
15Пас ман айшу тарабро ситоиш кардам, ки барои одамизод дар таҳти офтоб чизе хубтар аз хӯрдан ва нӯшидан ва айшу тараб намудан нест; ва ин ӯро дар айёми зиндагии пурмеҳнаташ, ки Худо ба ӯ дар таҳти офтоб бахшидааст, ҳамроҳӣ мекунад.
16Вақте ки дили худро ба он ниҳодам, ки ҳикматро дарьёбам ва корубореро, ки бар рӯи замин ба амал меояд, бубинам, дар сурате ки одамизод на шаб ва на рӯз хобро ба чашмони худ намебинад, —
17Он гоҳ тамоми амали Худоро дидам, ки одамизод он амалеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, наметавонад дарьёбад: ҳар чанд одамизод барои тадқиқи он меҳнат кунад, онро пай намебарад, ва ҳатто агар хирадманде бигӯяд, ки «медонам», ӯ наметавонад онро дарьёбад.
Currently Selected:
Воиз 8: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.