Воиз 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Инсон фақат дар ҳикмат ва соддагӣ ором меёбад.
1Номи нек беҳ аз равғани атрафшон;
ва рӯзи мамот беҳ аз рӯзи таваллуд.
2Рафтан ба азохона беҳ
аз рафтан ба шаробхона,
чунки ин оқибати ҳар одам аст,
ва зинда инро дар дили худ мегузорад.
3Ғусса беҳ аз ханда,
зеро вақте ки чеҳра ғамгин аст, дил нек мешавад.
4Дили хирадмандон дар азохона аст,
вале дили аблаҳон — дар тарабхона.
5Шунидани итоби хирадманд беҳ
аз шунидани суруди аблаҳон,
6Чунки хандаи аблаҳон
мисли чарс‐чарси хорҳо дар таги дег аст.
Ин низ ҳеҷу пуч аст!
7Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад,
ва ришва дилро фосид мекунад.
8Оқибати кор беҳ аз оғози он;
собир беҳ аз ҳавобаланд.
9Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун,
чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад.
10Нагӯй: «Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?»
Чунки дар ин бобат на аз рӯи ҳикмат савол медиҳӣ.
11Ҳикмат бо якҷоягии мерос хуб аст,
алалхусус барои бинандагони офтоб,
12Зеро, чунон ки одам дар сояи ҳикмат аст, дар сояи нуқра низ мебошад;
валекин бартарии дониш ин аст, ки ҳикмат ба соҳибони худ зиндагӣ мебахшад.
13Амали Худоро бубин:
зеро кист, ки тавонад он чиро, ки Ӯ каҷ кардааст, рост кунад?
14Дар рӯзи нек хурсандӣ бикун,
ва дар рӯзи бад андеша намо,
ки Худо инро низ баробари он ба амал овардааст,
то ки одамизод баъд аз он натавонад чизеро дарьёбад.
15Дар айёми ҳеҷу пучи худ ҳамаро дидам: одиле ҳаст, ки дар адолати худ нобуд мешавад, ва шарире ҳаст, ки дар шарорати худ умри дароз мебинад.
16Аз ҳад зиёд одил набош, ва берун аз андоза рафтори хирадмандона накун: чаро худро ба ҳалокат бирасонӣ?
17Аз ҳад зиёд ба шарорат дода нашав, ва аҳмақ набош: чаро бемаҳал бимирӣ?
18Хуб мешавад, ки инро пайравӣ намоӣ ва аз он низ дасти худро накашӣ, зеро ҳар кӣ аз Худо тарсад, аз ҳамаи инҳо ҳазар мекунад.
19Ҳикмат хирадмандро бештар аз даҳ ҳокиме ки дар шаҳр бошанд, пурзӯртар мегардонад.
20Дар асл одами одиле дар рӯи замин нест, ки некӣ кунад ва хатое содир нанамояд.
21Ҳамчунин ба ҳамаи суханоне ки гуфта мешавад, диққат надеҳ, то ки ғуломи худро нашнавӣ, вақте ки вай дар ҳаққи ту лаънат мегӯяд.
22Зеро дили ту дафъаи бисьёр донистааст, ки ту низ дар ҳаққи дигарон лаънат гуфтаӣ.
23Ҳамаи инро бо ҳикмат озмудам; гуфтам: «Ҳикмат хоҳам варзид»; валекин он аз ман дур аст.
24Он чи ҳаст, дур аст ва бағоят амиқ аст; пас кист, ки онро дарьёбад?
25Ва ман бо дили худ ба он рӯ овардам, ки ҳикмат ва хулосаро дарк намоям ва тафтиш ва таҳқиқ кунам, то бидонам, ки то чӣ андоза шарорат аблаҳист ва ҳамоқат фисқу фуҷур аст.
26Ва ман дарьёфтам, ки зан аз мамот талхтар аст, ки вай домҳост, ва дилаш тузоқҳост, ва дастҳояш завлонаҳост; касе ки дар назари Худо нек аст, аз вай раҳо хоҳад шуд, валекин хатокор ба доми вай хоҳад афтод.
27Бубин, гуфт Воиз, инро дарьёфтам, вақте ки якояк шумурдам, то ки натиҷае дарьёбам.
28Дар сурате ки ҷони ман боз ҷустуҷӯ кард, ва ман наёфтам, — як мардро аз байни ҳазор нафар ёфтам, вале зане аз байни ҳамаи онҳо наёфтам.
29Аммо, бубин, фақат ҳаминро ёфтам, ки Худо одамизодро росткор офарид, валекин онҳо аз дунболи каҷкориҳои бисьёр рафтанд.
Currently Selected:
Воиз 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.