Воиз 9
9
БОБИ НӮҲУМ
Атоҳои Худоро бо шодӣ қабул намо ва иродаи Ӯро ба амал овар.
1Ҳамаи инро дар дили худ ниҳодам, то барои ман равшан шуд, ки одилон ва хирадмандон ва аъмоли онҳо дар дасти Худо мебошанд; ва одамизод намедонад, ки муҳаббат дар интизори ӯст ё нафрат.
2Ҳар чиз барои ҳама баробар аст: айни як воқеа барои одил ва шарир аст, барои нек ва пок ва палид аст, барои касест, ки забҳ мекунад, ва барои касест, ки забҳ намекунад; хоҳ нек бошад, хоҳ хатокор; хоҳ қасам ёд кунад, хоҳ аз қасам тарсад.
3Дар ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, аз ҳама бадтар ин аст, ки айни як воқеа барои ҳама аст, бинобар ин дили банӣ‐одам аз бадӣ пур аст, ва дар зиндагии онҳо фисқу фуҷур дар дили онҳост, ва пас аз он сӯи мурдаҳо мераванд.
4Касе ки дар миёни зиндаҳост, барои вай ҳанӯз умеде ҳаст, зеро ки саги зинда аз шери мурда беҳтар аст.
5Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд, ва барои онҳо дигар подоше нест, ҳатто зикрашон фаромӯш шудааст;
6Ҳам муҳаббаташон, ҳам нафраташон ва ҳам рашкашон барбод рафтааст, ва дигар то абад барои онҳо аз ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, насибае нахоҳад буд.
7Пас бирав, нони худро бо хурсандӣ бихӯр ва шароби худро бо дилхушӣ бинӯш, модоме ки Худо ба аъмоли ту таваҷҷӯҳ мекунад.
8Бигзор либосҳои ту ҳама вақт сафед бошад, ва равған бар сари ту кам нашавад.
9Дар тамоми айёми ҳаёти ҳеҷу пучи худ, ки Ӯ ба ту дар таҳти офтоб бахшидааст, яъне дар тамоми айёми ҳеҷу пучи худ, бо завҷае ки дӯст медорӣ, аз зиндагӣ лаззат бигир, зеро ки дар ҳаёт ва дар меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунӣ, насибаи ту ҳамин аст.
10Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту ояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр, ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш ва на ҳикмат.
11Боз назар андохта, дар таҳти офтоб дидам, ки даводавӣ на аз барои сабукравон аст, ва корзор на аз барои баҳодурон аст, ва нон на аз барои хирадмандон аст, ва сарват на аз барои оқилон аст, ва меҳр на аз барои донишмандон аст; чунки вақти номусоид ва нокомӣ ба ҳамаи онҳо рӯй хоҳад дод.
12Илова бар ин одамизод низ вақти худро намедонад: чунон ки моҳиён ба тӯри ҳалокатовар банд мешаванд, ва паррандагон ба дом меафтанд, ончунон банӣ‐одам ба вақти пуркулфат, ки ногаҳон ба сарашон меояд, гирифтор мешаванд.
13Чунин ҳикматро низ дар таҳти офтоб дидам, ва он дар назари ман бузург аст:
14Шаҳри хурде буд, ва мардумаш кам буданд, ва подшоҳи бузурге назди он омад, ва онро иҳота намуд, ва манораҳои бузурге барои муҳосираи он барпо кард.
15Валекин дар он як марди бенавои хирадманд ёфт шуд, ва ӯ бо ҳикмати худ ин шаҳрро раҳо кард; аммо ҳеҷ кас он марди бенаворо ба ёд наовард.
16Ва ман гуфтам: ҳикмат беҳ аз зӯроварӣ; вале ҳикмати марди бенаво хор аст, ва суханонашро намешунаванд.
17Суханони хирадмандонро, ки оромона гуфта мешавад, назар ба фарьёди ҳоким дар миёни аблаҳон бештар мешунаванд.
18Ҳикмат беҳ аз асбоби ҳарбу зарб; вале як хатокор некии бисьёрро нобуд мекунад.
Currently Selected:
Воиз 9: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.