1
Воиз 8:15
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Пас ман айшу тарабро ситоиш кардам, ки барои одамизод дар таҳти офтоб чизе хубтар аз хӯрдан ва нӯшидан ва айшу тараб намудан нест; ва ин ӯро дар айёми зиндагии пурмеҳнаташ, ки Худо ба ӯ дар таҳти офтоб бахшидааст, ҳамроҳӣ мекунад.
Compare
Explore Воиз 8:15
2
Воиз 8:12
Агарчи хатокор сад бор бадӣ мекунад ва умри дароз мебинад, дар асл ман медонам, ки дар оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд, ки онҳо ба ростӣ аз Ӯ метарсанд
Explore Воиз 8:12
3
Воиз 8:6
Зеро ки барои ҳар чиз вақт ва доварии муносибе ҳаст, ҳар чанд ки бадии одамизод бар вай гарон меояд
Explore Воиз 8:6
4
Воиз 8:8
Одамизод бар рӯҳи худ тасаллут надорад, то ки рӯҳро боздорад; ҳамчунин бар рӯзи мамот тасаллут надорад, ва чунон ки дар ин корзор ӯро раҳоӣ нест, шарорат низ соҳибашро халос намекунад.
Explore Воиз 8:8
5
Воиз 8:11
Азбаски фатво оид ба амали бад ба зудӣ иҷро намешавад, бинобар ин дили банӣ‐одам барои бадкории онҳо пур аз ҷуръат мегардад.
Explore Воиз 8:11
6
Воиз 8:14
Чизҳои ҳеҷу пуче ҳаст, ки бар рӯи замин ба амал меояд: одилоне ҳастанд, ки подоши сазовори амали шарирон насибашон мешавад, ва шарироне ҳастанд, ки подоши сазовори амали одилон насибашон мешавад. Гуфтам, ки ин низ ҳеҷу пуч аст!
Explore Воиз 8:14
7
Воиз 8:7
Зеро ӯ он чиро, ки воқеъ хоҳад шуд, намедонад, ва кист, ки анҷоми онро ба ӯ бигӯяд?
Explore Воиз 8:7