Воиз 6
6
БОБИ ШАШУМ
Давоми ҳамон мавзӯъ.
1Бадие ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам, ва он бар одамизод гарон меояд:
2Касе ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк ва ҷалол мебахшад, ва барои ҷони ӯ аз ҳар чизе ки ҳавас кунад, ҳеҷ норасогӣ нест, валекин Худо ба ӯ ихтиёр надодааст, ки аз он бихӯрад, — балки каси бегона онро мехӯрад; ин ҳеҷу пуч ва дарди бад аст!
3Агар касе сад писар ба дуньё оварад, ва солҳои бисьёр зиндагӣ кунад, ва айёми солҳояш боз ҳам зиёд шавад, валекин ҷонаш аз некӣ сер нашавад, ва ӯ дафну кафан низ надошта бошад, — мегӯям, ки афгона аз ӯ беҳтар аст,
4Чунки вай ҳамчун чизи ҳеҷу пуч омад, ва ба торикӣ рафт, ва номаш бо торикӣ пӯшида шуд;
5Офтобро низ надид ва надонист; вай аз он кас бештар ором дорад.
6Ва агар ӯ ҳатто ду ҳазор сол зиндагӣ кунад ва некӣ набинад, — оё ҳама ба як ҷо намераванд?
7Тамоми меҳнати одамизод барои даҳони ӯст, ва бо вуҷуди ин, иштиҳояш қонеъ намешавад.
8Пас, бартарии хирадманд аз аблаҳ дар чист? Ва бартарии бенавое ки медонад пеши зиндаҳо чӣ гуна рафтор кунад?
9Дидани чашмон беҳ аз иштиёқи нафс; ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
10Ҳар он чи ба вуқӯъ меояд, аз азал муқаррар шудааст, ва чигунагии моҳияти одамизод маълум аст, ва ӯ наметавонад ба он чи аз ӯ пурзӯртар аст, муқобилат намояд.
11Зеро чизҳои бисьёре ҳаст, ки ҳеҷу пучро афзун мекунад, — пас чӣ суд аст барои одамизод?
12Зеро кист, ки бидонад, ки барои одамизод дар зиндагӣ, дар айёми ками умри ботиле ки ӯ мисли соя ба сар мебарад, чӣ чиз хуб аст? Ва кист, ки одамизодро аз он чи баъд аз ӯ дар таҳти офтоб рӯй хоҳад дод, хабардор кунад?
Currently Selected:
Воиз 6: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.