1
Воиз 6:9
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Дидани чашмон беҳ аз иштиёқи нафс; ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
Compare
Explore Воиз 6:9
2
Воиз 6:10
Ҳар он чи ба вуқӯъ меояд, аз азал муқаррар шудааст, ва чигунагии моҳияти одамизод маълум аст, ва ӯ наметавонад ба он чи аз ӯ пурзӯртар аст, муқобилат намояд.
Explore Воиз 6:10
3
Воиз 6:2
Касе ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк ва ҷалол мебахшад, ва барои ҷони ӯ аз ҳар чизе ки ҳавас кунад, ҳеҷ норасогӣ нест, валекин Худо ба ӯ ихтиёр надодааст, ки аз он бихӯрад, — балки каси бегона онро мехӯрад; ин ҳеҷу пуч ва дарди бад аст!
Explore Воиз 6:2
4
Воиз 6:7
Тамоми меҳнати одамизод барои даҳони ӯст, ва бо вуҷуди ин, иштиҳояш қонеъ намешавад.
Explore Воиз 6:7