Воиз 5
5
БОБИ ПАНҶУМ
Бефоида будани сарват.
Огоҳӣ аз суханони бемулоҳиза.
1Бо даҳони худ шитоб накун, ва бигзор дили ту ба гуфтани сухане ба ҳузури Худо телба нашавад; зеро ки Худо дар осмон аст, вале ту бар замин ҳастӣ; бинобар ин бигзор суханони ту кам бошад.
2Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.
3Вақте ки ба Худо назр мекунӣ, дар адои он таъхир накун, зеро ки Ӯ ба аблаҳон таваҷҷӯҳ намекунад; он чи назр кардаӣ, адо намо.
4Назр накарданат беҳ аз он ки назр кунию адо нанамоӣ.
5Намон, ки даҳонат ҷисми туро гуноҳкор гардонад, ва дар ҳузури фаришта нагӯй, ки «ин саҳв аст!» Чаро Худо барои сухани ту ба хашм омада, амали дастҳои туро вайрон кунад?
6Зеро ки хобҳо ва чизҳои ҳеҷу пуч бисьёр шавад, сухан бисьёр мешавад, лекин ту аз Худо битарс.
7Агар ситамро дар ҳаққи мискинон, ва каҷравии инсоф ва адолатро дар кишвар бубинӣ, аз ин ҳодиса тааҷҷуб накун, зеро ки бар болонишин касе назорат мекунад, ки аз вай болотар аст, ва бар онҳо нозирони боз ҳам болотар ҳастанд.
8Валекин суд ба мамлакат аз ҳама мерасад, ва ҳатто подшоҳ ба киштукори саҳроҳо ғамхорӣ менамояд.
9Дӯстдори нуқра аз нуқра сер намешавад, ва касе ки сарвати зиёдро дӯст медорад, мадохилаш ба муддаои табъаш нест. Ин низ ҳеҷу пуч аст!
10Нозу неъмат зиёд шавад, хӯрандаҳои он зиёд мешаванд; пас, ба соҳиби он чӣ суде ҳаст ҷуз ин ки чашмонаш онро мебинад?
11Хоби меҳнаткаш ширин аст, хоҳ хӯрокро кам бихӯрад ва хоҳ бисьёр; вале серии сарватдор намемонад, ки ӯ хоб равад.
12Бадии пуразобе ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам: сарвате ки соҳибаш онро ба зарари худ саришта мекунад.
13Ва он сарват дар ҳодисаи баде барбод рафт, ва ӯ писаре ба дуньё овард, ва чизе дар дасташ нест.
14Чунон ки аз батни модараш берун омад, ончунон бараҳна, дар ҳолате ки омад, бармегардад, ва аз меҳнати худ чизе намегирад, ки ба дасти худ бурда тавонад.
15Ва ин низ бадии пуразоб аст: чӣ гунае ки омад, ҳамон гуна меравад; пас, чӣ суд аст барои ӯ, ки бод паймуда заҳмат кашидааст?
16Тамоми айёми худ низ дар торикӣ хӯрок хӯрдааст, ва аз бисьёрии асабият ва хашм бемор шудааст.
17Инак он чи ман боз дидам: хуб ва хуш аст, ки кас дар айёми ками умри худ, ки Худо ба ӯ бахшидааст, бихӯрад ва бинӯшад ва аз тамоми меҳнате ки дар таҳти офтоб мекунад, некӣ бинад, чунки ин насибаи ӯст.
18Ҳамчунин ҳар одаме ки Худо ба ӯ сарват ва молу мулк бахшидааст ва ба ӯ ихтиёр додааст, ки аз он бихӯрад ва насибаи худро гирифта, аз меҳнати худ шодӣ кунад, — ин атои Худост.
19Зеро, чун Худо ӯро ба шодмонии дили ӯ машғул мекунад, кас фаромӯш мекунад, ки айёми умраш бисьёр нест.
Currently Selected:
Воиз 5: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.