1
Воиз 5:2
Китоби Муқаддас 1992, 1999
KM92
Зеро ки хоб дидан аз шуғли бисьёр пайдо мешавад, ва овози аблаҳ аз сухани бисьёр.
Compare
Explore Воиз 5:2
2
Воиз 5:19
Зеро, чун Худо ӯро ба шодмонии дили ӯ машғул мекунад, кас фаромӯш мекунад, ки айёми умраш бисьёр нест.
Explore Воиз 5:19
3
Воиз 5:10
Нозу неъмат зиёд шавад, хӯрандаҳои он зиёд мешаванд; пас, ба соҳиби он чӣ суде ҳаст ҷуз ин ки чашмонаш онро мебинад?
Explore Воиз 5:10
4
Воиз 5:1
Бо даҳони худ шитоб накун, ва бигзор дили ту ба гуфтани сухане ба ҳузури Худо телба нашавад; зеро ки Худо дар осмон аст, вале ту бар замин ҳастӣ; бинобар ин бигзор суханони ту кам бошад.
Explore Воиз 5:1
5
Воиз 5:4
Назр накарданат беҳ аз он ки назр кунию адо нанамоӣ.
Explore Воиз 5:4
6
Воиз 5:5
Намон, ки даҳонат ҷисми туро гуноҳкор гардонад, ва дар ҳузури фаришта нагӯй, ки «ин саҳв аст!» Чаро Худо барои сухани ту ба хашм омада, амали дастҳои туро вайрон кунад?
Explore Воиз 5:5
7
Воиз 5:12
Бадии пуразобе ҳаст, ки дар таҳти офтоб дидам: сарвате ки соҳибаш онро ба зарари худ саришта мекунад.
Explore Воиз 5:12
8
Воиз 5:15
Ва ин низ бадии пуразоб аст: чӣ гунае ки омад, ҳамон гуна меравад; пас, чӣ суд аст барои ӯ, ки бод паймуда заҳмат кашидааст?
Explore Воиз 5:15