YouVersion Logo
Search Icon

Воиз 4

4
БОБИ ЧОРУМ
Ҳаёт беамон ва ноинсоф аст.
1Ва ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест.
2Ва ман мурдаҳоеро, ки пеш аз ин мурдаанд, назар ба зиндаҳое ки ҳанӯз зинда ҳастанд, хушбахт мешуморам;
3Ва аз ҳар дуи онҳо хушбахттар аст касе ки ҳанӯз ба дуньё наомадааст, касе ки корҳои бадеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, надидааст.
4Ва ман дидам, ки ҳар меҳнат ва ҳар муваффақияти кор натиҷаи аз якдигар ҳасад бурдан аст. Ин низ ҳеҷу пуч ва бод паймудан аст!
5Аблаҳ дастҳои худро дар бағал зада менишинад ва гӯшти худро мехӯрад.
6Як мушти пур аз роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмат ва бодпаймоӣ.
7Ва ман боз назар андохта, ҳеҷу пучро дар таҳти офтоб дидам:
8Одами танҳое ҳаст, ки касе надорад; ӯро писаре ва бародаре низ нест; ва тамоми меҳнаташ интиҳо надорад; чашмаш низ аз сарват сер намешавад. «Пас, барои кӣ ман меҳнат карда, ҷони худро аз нозу неъмат маҳрум менамоям?» Ин низ ҳеҷу пуч ва шуғли нохуш аст!
9Ду нафар аз як нафар беҳтаранд, чунки барои онҳо аз меҳнаташон музди хубе пайдост.
10Зеро ки агар яке афтад, дигаре аз онҳо рафиқи худро бармехезонад. Валекин вой ба ҳоли он одами танҳо, вақте ки ӯ афтад, ва касе набошад, ки ӯро бархезонад!
11Ҳамчунин, агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, вале як нафар чӣ гуна гарм шавад?
12Ва агар ба яке аз онҳо касе ҳуҷум кунад, ҳар дуяшон ба вай муқобилат мекунанд. Ва риштаи сеқабата ба зудӣ канда намешавад.
13Ҷавони бенаво ва хирадманд беҳ аз подшоҳи пир ва аблаҳе ки эҳтиётро дигар намедонад.
14Зеро ки ӯ аз ҳабсхона барои подшоҳӣ кардан берун омадааст, ва ҳол он ки вай дар подшоҳии худ низ мискин таваллуд ёфтааст.
15Ҳамаи зиндаҳоро дидам, ки дар таҳти офтоб бо ҷавони ҷонишин, ки бар тахти вай хоҳад нишаст, роҳ мерафтанд.
16Тамоми он қавм, ҳамаи онҳое ки ӯ дар пешашон буд, интиҳо надоштанд, аммо баъдтар аз ӯ шод нахоҳанд шуд. Дар асл ин низ ҳечу пуч ва бод паймудан аст!
17Вақте ки ба хонаи Худо меравӣ, аз пои худ бохабар бош, ва ба шунидан бештар рағбат намо назар ба қурбониҳое ки аблаҳон меоваранд, зеро ки онҳо фарқи байни бадӣ ва некиро намедонанд.

Currently Selected:

Воиз 4: KM92

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in