YouVersion Logo
Search Icon

2 Вақоеънома 1

1
БОБИ ЯКУМ
Подшоҳ шудани Сулаймон ва тақдим кардани қурбониҳо дар Ҷибъӯн.
1Ва Сулаймон ибни Довуд дар салтанати худ мустаҳкам шуд, ва Худованд Худои ӯ бо ӯ буд, ва ӯро бузург гардонида, баланд бардошт.
2Ва Сулаймон ба тамоми Исроил: ба мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва доварон, ва ҳамаи раисоне ки дар тамоми Исроил буданд, ба сардорони хонаво даҳо амр фармуд,
3Ва Сулаймон, ва тамоми ҷамоат ҳамроҳи у, ба суи баландие ки дар Ҷибъӯн буд, рафтанд, зеро хаймаи ҷомеи Худо, ки Мусо, бандаи Худо, онро дар биёбон сохта буд, дар он ҷо воқеъ буд.
4Аммо сандуқи Худоро Довуд аз Қирьят‐Еорим ба маконе ки Довуд барояш тайёр карда буд, баровард, зеро ки барои он дар Ерусалим хаймае барафрошта буд.
5Вале қурбонгоҳи мисине ки Басалъил ибни Урӣ ибни Хур сохта буд, дар Ҷибъӯн пеши маскани Худованд воқеъ буд; ва Сулаймон ва ҷамоат онро зиёрат карданд.
6Ва Сулаймон дар он ҷо ба хузури Худованд назди қурбонгоҳи мисине ки пеши хаймаи ҷомеъ буд, баромада, ҳазор сар қурбонии сӯхтанӣ бар он тақдим намуд.
Рӯъёи Сулаймон ва илтимоси ӯ дар бораи атои ҳикмат.
7Дар ҳамон шаб Худо ба Сулаймон зоҳир шуд, ва ба ӯ гуфт: «Талаб намо, чӣ чизе ба ту бидиҳам».
8Ва Сулаймон ба Худо гуфт: «Ту ба падарам Довуд зҳсони азиме кардӣ, ва маро ба ҷои ӯ подшоҳ сохтӣ.
9Алҳол, эй Худованд Худо, бигзор он сухане ки Ту ба падарам Довуд гуфтаӣ, ба амал ояд, зеро ки Ту маро бар қавме ки мисли ғубори замин сершуморанд, подшоҳ сохтаӣ.
10Алҳол ҳикмат ва дониш ба ман ато намо, то ки ба ин қавм тавонам роҳбарӣ кунам, зеро кист, ки ин қавми бузурги Туро битавонад доварӣ намояд?»
11Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват, дороӣ ва ҷалол, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳикмат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, —
12Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба андозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд, ва баъд аз ту мисли он наҳоҳанд дошт».
13Ва Сулаймон аз зиёрати баландие ки дар Ҷибъӯн буд, аз хузури хаймаи ҷомеъ ба Ерусалим омад, ва бар Исроил подшоҳӣ кард.
14Ва Сулаймон аробаҳо ва саворагон ҷамъ кард: ӯ ҳазору чорсад ароба ва дувоздаҳ ҳазор нафар саворагон дошт; ва ӯ онҳоро дар шаҳрҳои аробаҳо ва назди подшоҳ дар Ерусалим ҷойгир кард.
15Ва подшоҳ нукра ва тиллоро дар Ерусалим ба сангҳои кӯча баробар гардонид, ва чӯби арзро ба чӯби ҷумиз, ки дар пастӣ бисьёр мерӯяд, баробар сохт.
16Ва аспонро барои Сулаймон аз Миср ва аз Қаве меоварданд: тоҷирони подшоҳ онҳоро аз Қаве ба баҳои муайян мехариданд.
17Ва як аробаро аз Миср ба баҳои шашсад сиқл нуқра харида меоварданд, ва як аспро — ба баҳои саду панҷоҳ сиқл; ва ҳамчунин барои ҳамаи подшоҳони ҳиттиён ва подшоҳони арамиён ба воситаи онҳо меоварданд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy