YouVersion Logo
Search Icon

2 Вақоеънома 2

2
БОБИ ДУЮМ
Сулаймон барои сохтани маъбад майёрӣ мебинад.
1Ва Сулаймон қарор дод, ки хонае ба исми Худованд, ва хонае барои салтанати худаш бино кунад.
2Ва Сулаймон ҳафтод ҳазор нафар барои боркашӣ, ва ҳаштод ҳазор нафар барои сангтарошӣ дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафар барои назорати онҳо дар шумор овард.
3Ва Сулаймон назди Хуром, подшоҳи Сӯр, фиристода, гуфт: «Чунон ки бо падарам Довуд рафтор намуда, барои ӯ чӯби арз фиристодаӣ, то ки хонае барои сукунати худ бино кунад, ончунон бо ман рафтор намо.
4Инак, ман хонае ба исми Худованд Худои худ бино менамоям, то ки онро ба Ӯ такдис кунам, бухури#2:4 Бухур — қатрони (моддаи) хушбуе, ки дар вақти ибодат барои мадҳу санои Худованд месӯзондан. хушбӯе ба ҳузури Ӯ бисӯзонам, ва нони тақдими доимӣ ва қурбониҳои сӯхтании субху шомро дар шанбеҳо ва навмоҳҳо ва идҳои Худованд Худои мо такдим намоям, ки ин ба сурати абадӣ ба Исроил амр фармуда шудааст.
5Ва хонае ки ман бино менамоям, бузург аст, зеро ки Худои мо аз ҳамаи худоён бузургтар аст.
6Ва кист, ки қувват дошта бошад хонае барои Ӯ бино намояд, дар сурате ки фалак ва фалакулафлок наметавонад Ӯро гунҷоиш диҳад? Ва ман кистам, ки хонае барои Ӯ бино намоям? Магар фақат барои он ки ба ҳузури Ӯ бухур бисӯзонам.
7Ва алҳол касеро ба ман бифирист, ки дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва арғувон ва қирмиз ва лоҷвард моҳир бошад, ва кандакориро донад, то ки вай бо хунармандоне ки назди ман дар Яхудо ва Ерусалим ҳастанд, ва онҳоро падарам Довуд тайёр кардааст, бошад.
8Ва дарахтони арз, сарв ва сандал аз Лубнон барои ман бифирист, зеро ман медонам, ки бандагони ту аз ӯхдаи буридани дарахтони Лубнон мебароянд; ва инак, бандагони ман бо бандагони ту хоҳанд буд,
9То ки чӯбу тахтаи зиёде барои ман тайёр кунанд, зеро хонае ки ман бино менамоям, бузург ва аҷоиб хоҳад буд.
10Ва инак, ман барои таъминоти дарахтбуроне ки дарахтбурӣ мекунанд, барои бандагони ту бист ҳазор кӯр гандум, ва бист ҳазор кӯр ҷав, ва бист ҳазор бат шароб, ва бист ҳазор бат равған медиҳам».
11Ва Хуром, подшоҳи Сӯр, бо мактубе ҷавоб гардонида, ба Сулаймон фиристод: «Азбаски Худованд қавми Худро дӯст медорад, туро бар онҳо подшоҳ гардонидааст».
12Ва Хуром гуфт: «Муборак аст Худованд Худои Исроил, офаринандаи осмон ва замин, ки ба подшоҳ Довуд писари ҳакими соҳиби ақлу фаҳмро ато намудааст, ки вай хонае барои Худованд ва хонае барои салтанати худаш бино менамояд.
13Ва алҳол ман Хуромро, ки марди ҳакими соҳибфаҳме аз хунармандони падари ман аст, фиристодам,
14Ки вай писари зане аз духтарони Дон аст, ва падараш марди сӯрӣ буд; вай дар сохтани ашьё аз тилло ва нуқра ва мис ва оҳан ва санг ва ҷӯб ва арғувон ва лоҷвард ва катон ва қирмиз, ва дар иҷрои ҳар навъ кандакорӣ ва ҳар саноеи нафисае ки ба зиммаи вай бо якҷоягии ҳунармандони ту ва ҳунармандони оғоям, падарат Довуд, гузошта шавад, усто мебошад.
15Ва алҳол, гандум ва ҷав ва равған ва шаробро, ки оғоям дар бораи онҳо сухан рондааст, ба бандагони худ бифирист.
16Ва мо дарахтонро аз Лубнон ба миқдори даркории ту бурида, ба шакли амадҳо бо роҳи баҳр ба Ёфӯ хоҳем овард, ва ту онҳоро ба Ерусалим хоҳӣ бурд».
17Ва Сулаймон ҳамаи мардони ғариберо, ки дар замини Исроил буданд, баъд аз саршумории онҳо, ки падараш Довуд ба амал оварда буд, дар шумор овард, ва онҳо саду панҷоҳу се ҳазору шашсад нафар баромаданд.
18Ва аз онҳо ҳафтод ҳазор нафарро ҳамчун боркашон, ва ҳаштод ҳазор нафарро ҳамчун сангтарошон дар кӯҳистон, ва се ҳазору шашсад нафарро ҳамчун нозироне ки қавмро кор мефармоянд, таъин намуд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy