Ва Худо ба Сулаймон гуфт: «Абзаски ин дилхоҳи ту буд, ва ту сарват, дороӣ ва ҷалол, ва ҷони душманонатро талаб накардӣ, ва низ умри дароз талаб накардӣ, балки ҳикмат ва дониш барои худ талабидӣ, то қавми Маро, ки бар онҳо туро подшоҳ сохтаам, доварӣ намоӣ, —
Бинобар ин ҳикмат ва дониш ба ту ато карда шуд, ва Ман сарват ва дороӣ ва ҷалол ба ту хоҳам бахшид, ба андозае ки подшоҳони пеш аз ту мисли он надоштанд, ва баъд аз ту мисли он наҳоҳанд дошт».