YouVersion Logo
Search Icon

1 Вақоеънома 29

29
БОБИ БИСТУ НӮҲУМ
Довуд ба тамоми қавм муроҷиат намуда,
насиҳат медиҳад.
1Ва подшоҳ Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Писарам Сулаймон, ки Худо ӯро ба танҳоӣ баргузидааст, ҷавон ва нозук аст, вале ин кор бузург аст, зеро ки ин калъа на аз барои одамизод аст, балки барои Худованд Худо.
2Ва ман бо тамоми қувватам барои хонаи Худои худ тайёр кардаам: тиллоро барои ашьёи тиллоӣ, ва нуқраро барои ашьёи нуқрагин, ва мисро барои ашьёи мисин, ва оҳанро барои ашьёи оҳанин, ва чӯбро барои ашьёи чӯбин; сангҳои ҷазъ ва сангҳои тарсеъ, сангҳои сурмафом ва рангоранг, ва ҳар навъ сангҳои гаронбаҳо, ва бисьёр сангҳои мармар.
3Ва боз, ба сабаби муҳаббати худ ба хонаи Худои худ, ганҷинаи тилло ва нуқрае ки ман дорам, онро низ илова бар ҳар чизе ки барои хонаи қудс тайёр кардаам, ман барои хонаи Худои худ медиҳам:
4Се ҳазор киккар тилло аз тиллои Ӯфир, ва ҳафт ҳазор киккар нуқраи соф, барои рӯйбаст кардани деворҳои хонаҳо;
5Тиллоро барои ашьёи тиллоӣ, ва нуқраро барои ашьёи нуқрагин, барои ҳар коре ки бо дасти ҳунармандон ба ҷо оварда мешавад. Пас кист, ки имрӯз ба таври ихтиёрӣ барои Худованд ионат диҳад?»
Сардорон ва қавм ба таври ихтиёрӣ ионат медиҳанд.
6Ва сардорони хонаводаҳо, ва сарварони сибтҳои Исроил, ва мириҳазорҳо ва мирисадҳо, ва сардорони корҳои подшоҳ ба таври ихтиёрӣ ба додани ионат шурӯъ карданд.
7Ва барои хизмати хонаи Худо панҷ ҳазор киккар ва даҳ ҳазор дирҳам тилло, ва даҳ ҳазор киккар нуқра, ва ҳаждаҳ ҳазор киккар мис, ва сад ҳазор киккар оҳан доданд.
8Ва онҳое ки дар дасташон сангҳои гаронбаҳо ёфт шуд, онҳоро барои хазоини хонаи Худованд ба дасти Яҳиили ҷершӯнӣ супурданд.
9Ва қавм аз ионатҳои ихтиёрии худ шод гардиданд, зеро ки бо дили комил барои Худованд ионат доданд, ва подшоҳ Довуд низ бағоят шод шуд.
Довуд Худовандро муборак мехонад ва шукрона мегӯяд.
10Ва Довуд Худовандро пеши тамоми ҷамоат муборак хонд, ва Довуд гуфт: «Эй Худованд Худои падари мо Исроил! Ту аз азал то абад муборак ҳастӣ.
11Худовандо! Кибриё ва зӯрмандӣ ва шукӯҳ ва нусрат ва шавкат аз они Туст, зеро ки ҳар он чи дар осмон ва замин аст, аз они Туст. Худовандо! Салтанат аз они Туст, ва ту бар сари ҳама мутаол ҳастӣ.
12Ва сарват ва ҷалол аз ҷониби Туст, ва Ту бар ҳама ҳоким ҳастӣ, ва қувват ва қудрат дар дасти Туст, ва ихтиёри бузург ва мустаҳкам кардани ҳама дар дасти Туст.
13Ва алҳол, эй Худои мо, мо Туро ҳамд мегӯем, ва исми пуршукӯҳи Туро ситоиш мекунем.
14Аммо ман кистам ва қавми ман чистанд, ки қувват дошта бошем чунин ионат диҳем? Зеро ки ҳама чиз аз ҷониби Туст, ва он чиро, ки аз дасти Ту гирифтаем, ба ту додаем.
15Зеро ки мо ба ҳузури Ту ғариб ҳастем, ва мисли ҳамаи падарони худ меҳмон мебошем: айёми мо бар замин мисли соя аст, ва бақо надорад.
16Эй Худованд Худои мо! Тамоми ин сарват, ки барои сохтани хонае ба исми қудси Ту муҳайё кардаем, аз дасти Туст, ва ҳамаи он аз они Туст.
17Ва ман, эй Худои ман, медонам, ки Ту дилҳоро имтиҳон мекунӣ, ва ба росткорӣ таваҷҷӯҳ менамоӣ; ман аз ростии дили худ тамоми ин ионатро додаам, ва алҳол мебинам, ки қавми Ту низ, ки дар ин ҷо мебошанд, бо шодмонӣ барои Ту ионат медиҳанд.
18Эй Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил! Инро ба сурати абадӣ дар фикру андешаҳои дили қавми Худ нигоҳ дор, ва дилҳои онҳоро ба сӯи Худ равона намо.
19Ва ба писарам Сулаймон дили комил бибахш, то ки аҳкоми Ту, шаҳодоти Ту ва фароизи Туро риоя намояд, ва ҳамаи инро ба амал оварад, ва қалъаеро, ки ман барояш тайёрӣ дидаам, бино кунад».
20Ва Довуд ба тамоми ҷамоат гуфт: «Худованд Худои худро муборак хонед!» Ва тамоми ҷамоат Худованд Худои падарони худро муборак хонданд, ва ба Худованд ва ба подшоҳ таъзим карданд ва саҷда бурданд.
21Ва барои Худованд қурбониҳо забҳ карданд, ва фардои он рӯз барои Худованд қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим карданд: ҳазор сар гов, ҳазор сар қӯчқор, ҳазор сар гӯсфанд бо ҳадияҳои рехтании онҳо, ва қурбониҳои зиёде барои тамоми Исроил.
22Ва дар он рӯз ба ҳузури Худованд бо шодмонии бузурге хӯрданд ва нӯшиданд; ва Сулаймон ибни Довудро дуюмбора подшоҳ сохта, ба ҳузури Худованд ӯро ба раисӣ, ва Содӯқро ба коҳинӣ тадҳин карданд.
Подшоҳ шудани Сулаймон. Фавти подшоҳ Довуд.
23Ва Сулаймон бар тахти Худованд нишаста, ба ҷои падараш Довуд подшоҳӣ кард, ва комьёб гардид; ва тамоми Исроил ба ӯ итоат карданд.
24Ва ҳамаи сардорон ва паҳлавонон, ва ҳамаи писарони подшоҳ Довуд низ ба подшоҳ Сулаймон тобеъ шуданд.
25Ва Худованд Сулаймонро бузург гардонида, дар назари тамоми Исроил баланд бардошт, ва шукӯҳи салтанатро ба ӯ ато фармуд, ки ҳеҷ подшоҳи Исроил пеш аз ӯ ба он ноил нагардида буд.
26Ва Довуд ибни Йисой бар тамоми Исроил подшоҳӣ кард.
27Ва айёми подшоҳии ӯ бар Исроил чил сол буд: дар Ҳебрӯн ҳафт сол подшоҳӣ кард, ва дар Ерусалим сию се сол подшоҳӣ кард.
28Ва ӯ дар пирии некӯ, аз умр ва сарват ва ҷалол сер гардида, фавт кард; ва писараш Сулаймон ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
29Ва саргузашти подшоҳ Довуд, аз аввали умраш то охири он, дар навиштаҷоти Самуили басир, ва дар навиштаҷоти Нотони набӣ, ва дар навиштаҷоти Ҷоди пешбин тасвир ёфтааст, —
30Бо тамоми салтанати ӯ ва зӯрмандии ӯ, ва бо воқеаҳое ки ба ӯ, ва ба Исроил, ва ба ҳамаи салтанатҳои кишварҳо рӯй додааст.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy