YouVersion Logo
Search Icon

Филиппиён* 2

2
Ягонагии масеҳиён ва парастиши Масеҳ
1Пас, агар дар имон ба Масеҳ ягон дилбардорӣ ё бо Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо муносибат ё раҳму дилсӯзие дошта бошед ё муҳаббати Ӯ шуморо тасалло медиҳад, 2дар фикру муҳаббати ягона якдилу якҷон шуда, хурсандии маро пурра созед. 3Ҳаргиз худхоҳонаву ҳавобаландона рафтор накунед, балки хоксорона дигаронро аз худ болотар донед. 4Бигзор ҳар яке аз шумо на танҳо дар бораи худ, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд. 5Шумо низ бояд он андешаҳое, ки Исои Масеҳ дар бораи Худ дошт, дошта бошед:
6Масеҳ дар асл Худо буд,
лекин фикр накард, ки бо Худо баробар буданро ба даст биёрад.
7Ба ҷойи ин Ӯ ихтиёрӣ аз ҳама чиз маҳрум шуда, ғулом гардид ва монанди инсонҳо шуд.
8Вақте ки Ӯ инсон шуд, Худро фурӯтан сохта, ба Худо итоат кард
ва ҳатто то дами марг дар салиб итоаткор монд.
9Барои ин Худо Ӯро бар ҳама сарафроз кард
ва номашро дар байни ҳама номҳо баланд намуд,
10то ки баробари шунидани номи Исо ҳар зону, чи дар осмону чи дар замин ва чи дар зери замин хам шавад
11ва барои бузургии Худо Падар ҳар як кас эълон кунад, ки Исои Масеҳ Худованд аст.
Монанди ситорагон дурахшед
12Азизонам, вақте ки бо шумо будам, ҳамеша ба ман итоат мекардед, аммо акнун ҳангоми набуданам бештар итоат намуда, наҷоти худро бо тарсу ларз ба ҷо оваред. 13Зеро Худо дар дили шумо амал мекунад, то ки ҳам хосту ҳам амалатон писанди Ӯ бошад.
14Ҳар корро шикоят накарда, бечуну чаро иҷро кунед, 15-16 то ки дар байни насли беинсофу вайроншуда шумо поку беайб ва фарзандони бенуқси Худо бошед. Ҳангоме ки каломи ҳаётро маҳкам нигоҳ медоред, ҳамчун ситорагон ба ҷаҳон нур мепошед. Дар ин ҳолат ман дар рӯзи баргаштани Масеҳ ифтихор карда метавонам, ки кору давутозам пучу беҳуда набуд. 17Ҳатто агар хунам мисли шароб ҳангоми ҳадяи нӯшиданӣ барои иҷрои қурбонии хизмати шумо рехта шавад ҳам, хурсандам ва ҳамроҳи ҳамаи шумо шодӣ мекунам. 18Шумо низ ҳамин тавр хурсанд бошед ва бо ман шодӣ кунед.
Тимотиюс ва Эпафрудитус
19Умедворам, ки бо хости Худованд Исо ба наздикӣ Тимотиюсро ба наздатон мефиристам, то ки аз ҳоли шумо хабардор шуда, шод гардам. 20Ман каси дигаре надорам, ки мисли ӯ аз таҳти дил ғамхори шумо бошад. 21Чунки дигарон на дар фикри хизмат ба Исои Масеҳ, балки дар фикри худ ҳастанд. 22Шумо Тимотиюсро хуб мешиносед ва медонед, ки ӯ дар эълон кардани хушхабар ба ман мисли писар ба падар хизмат кард. 23Аз ин рӯ умедворам, ки пас аз маълум шудани вазъиятам ӯро дарҳол мефиристам. 24Аммо дар Худованд дилпур ҳастам, ки ба наздикӣ худам ҳам ба пешатон меоям.
25Ҳоло зарур донистам, ки ҳамкору ҳамсаф ва бародарам Эпафрудитусро, ки ҳангоми муҳтоҷ буданам ба хизматам фиристода будед, баргардонда ба назди шумо фиристам. 26Ӯ шуморо хеле ёд кардааст ва хеле ғамгин аст, ки овозаи бемор шуданаш то ба шумо расидааст. 27Эпафрудитус, дар ҳақиқат, сахт бемор буд. Қариб мемурд, лекин Худо ба ӯ раҳм кард ва на танҳо ба ӯ, балки Худо ба ман низ раҳм кард, то ки ба ғамҳоям боз ғами дигар зам нашавад. 28Бино бар ин, бо ҷону дил ӯро ба наздатон мефиристам, то ки шумо аз дидораш хурсанд шаведу ман аз ғам озод шавам. 29Ӯро ҳамчун бародари имондор дар Худованд бо камоли хурсандӣ қабул намоед. Чунин одамонро ҳамеша ҳурмату иззат бояд кард. 30Зеро ӯ барои кори Масеҳ ҷонашро дар хатар монда, ба ҷойи ҳамаи шумо ба ман хизмат кард.

Currently Selected:

Филиппиён* 2: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in