Филиппиён* 3
3
Росткорие, ки аз Худо меояд
1Инак, бародарону хоҳарон, дар ягонагӣ бо Худованд шод бошед. Ба ман такрор ба такрор навиштани ин чизҳо мушкил нест, чунки ин бар фоидаи шумост.
2Аз сагон – аз одамони нобакор, аз онҳое, ки одамонро ба хатна кардан маҷбур мекунанд, эҳтиёт шавед! 3Зеро хатнашудагони ҳақиқӣ мо ҳастем, ки ба чизҳои зоҳирӣ такя намекунем, балки бо Рӯҳи Худо парастиш мекунему бо Исои Масеҳ ифтихор мекунем. 4Ман метавонистам, ба ҷисм такя кунам. Агар касе гумон кунад, ки ҳақ дорад ба ҷисмаш такя кунад, пас ман ҳаққи бештар дорам. 5Зеро дар ҳаштрӯзагиам хатна шудаам, миллатам исроилӣ, аз авлоди Бинёмин ва ибрии ҳақиқӣ мебошам. Ҳамчун аз мазҳаби фарисӣ ба шариати Мусо итоат мекардам. 6Аз рӯйи ҷидду ҷаҳд озордиҳандаи ҷамоати имондорон ва аз ҷиҳати росткорӣ дар итоати қонун беайб будам. 7Аммо ҳоло ҳама чизҳоеро, ки пеш дастоварди худ меҳисобидам, ба хотири Масеҳ ҳеҷу пуч мешуморам. 8Бештар аз ин, ман ҳама чизро ҳеҷу пуч мешуморам, зеро чизе нест, ки аз шинохтани Худовандам Исои Масеҳ беҳтар бошад. Ба хотири Ӯ ман аз ҳама чиз, гӯё аз партове бошад, даст кашидам, то ки бо Масеҳ бошам 9ва бо Ӯ як шавам. Ман дигар кӯшиш намекунам, ки бо қуввати худ шариатро иҷро намуда, росткор шавам, балки дар пайи росткорие мебошам, ки аз имон ба Масеҳ бармеояд. Ин росткорӣ ба хотири имон аст ва аз ҷониби Худо дода мешавад. 10Хоҳиши ман ин аст, ки Исои Масеҳро бештар шиносам ва қувваеро, ки Ӯро аз марг зинда кард, дарк кунам. Мехоҳам, ки дар азобҳои Ӯ шарик шавам ва дар маргаш монанди Ӯ бошам, 11бо умеди он ки ман низ аз мурдагон зинда шавам.
Ба сӯйи мақсад
12Намегӯям, ки ман аллакай ба мақсадам расидаам ё комил шудаам, балки ғайрат мекунам, ки онро ба даст оварам, чунки Исои Масеҳ маро ба даст овард. 13Бародарону хоҳарон, ман дар бораи худ фикр намекунам, ки муродам ҳосил шудааст, балки як чизро мегӯям, ки гузаштаро фаромӯш карда, ба пеш ҳаракат мекунам. 14Ба сӯйи мақсад мешитобам, то ки мукофотамро, яъне даъвати осмонии Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ дода мешавад, ба даст оварам. 15Бигзор ҳар яки мо, ки рӯҳан ба камол расидаем, ҳамин тавр фикр кунем, аммо агар шумо дигар хел фикр кунед, Худо онро ҳам ба шумо ошкор мекунад. 16Ба ҳар ҳол, мо бояд мувофиқи ҳақиқате, ки ёфтаем, зиндагӣ кунем.
17Бародарону хоҳарон, аз ман ибрат гиред ва ба онҳое нигоҳ кунед, ки мувофиқи намунаи мо рафтор мекунанд. 18Зеро бисёриҳо, чунон ки пеш ба шумо мегуфтам ва алҳол бо оби дида мегӯям, мисли душмани салиби Масеҳ рафтор мекунанд. 19Оқибати онҳо нобудӣ, худои онҳо шикам аст ва онҳо аз расвоӣ фахр мекунанд. Тамоми фикрҳояшон дар бораи чизҳои заминӣ аст. 20Вале ватани мо осмон аст ва мо интизорем, ки аз он ҷо Наҷотдиҳанда, яъне Худовандамон Исои Масеҳ меояд. 21Ӯ бо қуввате, ки ҳама чизро ба Худ тобеъ мекунад, ҷисмҳои сусту нобудшавандаи моро дигаргун мекунад, то ба ҷисми пуршукӯҳи Худ монанд гардонад.
Currently Selected:
Филиппиён* 3: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад