YouVersion Logo
Search Icon

Филиппиён* 1

1
Саломи Павлус ба имондорони шаҳри Филиппӣ
1Салом ба ҳамаи онҳое ки аз они Исои Масеҳ ҳастанд ва ба сардорону хизматчиёни ҷамоат, ки дар шаҳри Филиппӣ мебошанд! Мо, Павлусу Тимотиюс, ки хизматгорони Исои Масеҳ ҳастем, 2файзу меҳрубонӣ ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Худовандамон Исои Масеҳро бар шумо хоҳонем.
Павлус барои филиппиён дуо мекунад
3Ҳар гоҳ ки шуморо ёд мекунам, ба Худоям шукр мегӯям 4ва ҳангоми дуоҳоям ҳамеша бо хурсандӣ барои ҳамаатон дуо мекунам, 5чунки шумо аз рӯзи аввал то ҳол дар паҳн намудани хушхабари Исои Масеҳ иштирок мекунед. 6Боварии комил дорам, Худое, ки ин кори некро дар дилҳои шумо оғоз намуд, то рӯзи баргаштани Исои Масеҳ онро анҷом медиҳад. 7Дар бораи ҳамаи шумо чунин андеша доштанам дуруст аст, зеро шумо дар дили ман ҷой гирифтаед. Ҳангоми дар зиндон буданам ва ҳақиқати хушхабарро ҳимояву исбот карданам шуморо дар файзу меҳрубонии Худо шарикони худ медонистам. 8Худо медонад, ки бо он қадар меҳри зиёде, ки аз Исои Масеҳ дар ман пайдо шудааст, муштоқи дидори шумо ҳастам. 9Ҳамчунин барои шумо дуо мекунам, ки муҳаббататон бо донишу фаҳмиши бештар торафт зиёд шавад. 10Зеро ман мехоҳам, ки шумо интихоб кардани чизҳои беҳтаринро ёд гирифта, то рӯзи баргаштани Масеҳ поку беайб гардед. 11Боз дуо мекунам, ки зиндагиатон пур аз ростӣ бошад. Ин зиндагии пур аз ростӣ барои бузургию ситоиши Худо аз ҷониби Исои Масеҳ бахшида мешавад.
Павлус дар зиндон хизматашро давом медиҳад
12Бародарону хоҳарон, мехоҳам бидонед, ки ба паҳн шудани хушхабар аслан азоб кашиданам кӯмак кард. 13Ҳоло ба ҳамагон, аз он ҷумла ба тамоми посбонони дарбор маълум гардидааст, ки ман ба хотири Масеҳ дар зиндон ҳастам. 14Аз ҳамин сабаб имондорони зиёд аз Худованд дилпур гардида, бе тарсу ҳарос, бо як далерии бузург паёми Худоро мегуфтагӣ шуданд.
15-17 Баъзеҳо на аз таҳти дил, балки аз бахиливу душманӣ ва аз рӯйи рақобат Масеҳро эълон мекунанд, то ки азобҳоямро дар зиндон дучанд гардонанд. Аммо баъзеи дигар бо нияти нек, аз рӯйи муҳаббат ин корро мекунанд, зеро медонанд, ки ман ба ин ҷо барои ҳимояи хушхабар афтодаам. 18Чӣ илоҷ? Бо ҳар роҳе ки бошад, хоҳ аз рӯйи нияти дуруст ё хоҳ нодуруст, Масеҳ ба мардум эълон карда мешавад. Аз эълон кардани номи Масеҳ ман шодам ва шодӣ кардан мегирам, 19зеро медонам, ки дуои шумову кӯмаки Рӯҳи Исои Масеҳ маро наҷот медиҳад. 20Умеди зиёд дорам, ки дар ягон ҳолат шарманда намешавам. Баръакс, ҳоло низ мисли ҳамеша бо камоли далерӣ сухан гуфтанро давом медиҳам, то ки хоҳ дар ҳаётам бошад, хоҳ дар маргам бузургии Масеҳ дар ман афзунтар гардад. 21Зеро Масеҳ барои ман ҳаёт аст ва марг бароям фоида аст. 22Аммо агар зинда монам, корам самаранок мешавад. Хулоса, намедонам кадомашро интихоб кунам. 23Дар байни ду роҳ мондаам. Аз як тараф мехоҳам, ки ин дунёро тарк намуда, бо Масеҳ бошам, чунки ин аз ҳама беҳтар аст. 24Аммо аз тарафи дигар, ҷисман зинда монданам барои шумо заруртар аст. 25Ман аниқ медонам, ки зинда мемонаму барои дар имон мустаҳкам шудану хурсандӣ карданатон ба шумо ёрӣ доданро давом медиҳам, 26то ки ҳангоми ба наздатон баргаштанам ба хотири ман аз Исои Масеҳ бештар ифтихор кунед.
27Фақат тарзе зиндагӣ кунед, ки рафтори шумо лоиқи хушхабари Масеҳ бошад, то ки ҳангоми омаданам бинам ё агар омада натавонам, ақаллан шунавам, ки шумо дар як рӯҳ устуворед, бо як мақсад ва якҷоя барои имон, яъне барои хушхабар заҳмати зиёд мекашед. 28Ба душманон роҳ надиҳед, ки шуморо ба тарсу ҳарос андозанд. Ин нотарсиатон нишонаи он мегардад, ки онҳо нобуд мешаванду шумо наҷот меёбед. Инчунин ин нишона аз ҷониби Худо мебошад. 29Зеро ба шумо ато шудааст, ки на танҳо ба Масеҳ имон дошта бошед, балки ба хотири Ӯ азоб низ кашед. 30Шумо азоби маро дида будед ва то ҳол мешунавед, ки ҳанӯз дар азобам. Ҳоло бошад, худатон мисли ман азоб мекашед.

Currently Selected:

Филиппиён* 1: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in