Эфсӯсиён* 5
5
Зиндагӣ дар равшанӣ
1Инак, ҳамчун фарзандони азизи Худо дар ҳама чиз аз Ӯ ибрат гиред. 2Ҳамон тавре бомуҳаббат зиндагӣ кунед, ки Масеҳ нишон додааст. Ӯ моро дӯст дошта, Худро ба хотири мо ба Худо ҳамчун қурбонӣ тақдим кард ва ин қурбонӣ ҳамчун бӯйи хуш ба димоғи Худо расидааст. 3Инак, ҳеҷ гуноҳи ҷинсӣ ё бешармиву беҳаёӣ ё чашмгуруснагӣ дар байни шумо ҳатто набояд зикр шавад, чунки ба халқи Худо ин рафтор ношоиста аст. 4Инчунин гапҳои бемаънӣ гуфтан ва шӯхиҳои беодобона кардан ба шумо муносиб нестанд. Баръакс, бояд шукргузорӣ кунед. 5Ҳаминро донед, ки ба ягон шахси бероҳа, бешарму ҳаё ё чашмгурусна, ки чунин рафтораш баробари бутпарастӣ аст, Подшоҳии Масеҳ ва Худо насиб намешавад.
6Нагузоред, ки касе шуморо бо гапҳои беҳуда, ки гӯё чунин рафтор гуноҳ нест, фиреб диҳад! Охир, ана ҳамин рафторҳо ғазаби Худоро бар сари шахсони саркаш меоранд. 7Бо ин гуна шахсҳо шиштухез накунед!
8Шумо як замон худ торикӣ будед, вале акнун, ки бо Худованд ҳастед, равшанӣ гаштаед. Пас ҳамон рафтору кирдореро кунед, ки мувофиқи равшанӣ бошад. 9Агар равшанӣ дар вуҷуди шумо ҳаст, рафторатон бояд нек, дуруст ва рост бошад. 10Барои фаҳмидани он чи ба Худованд писанд меояд, кӯшишу ғайрат кунед. 11Ба корҳои беҳудаи торикӣ ҳамроҳ нашаведу онҳоро фош кунед. 12Кас ҳатто аз гуфтани он корҳое, ки онҳо пинҳонӣ дар торикӣ мекунанд, шарм медорад. 13Аммо, вақте ки рӯшноӣ ба ҳаёти онҳо метобад, ҳама чиз ошкор мегардад. 14Пас онҳое, ки ошкор шудаанд, худ равшанӣ мешаванд. Бино бар ин, гуфторе ҳаст, ки
«Эй хобрафта, бедор шаву аз марг бархез!
Ва нури Масеҳ бар ту медурахшад!»
15Инак, монанди шахсони беақл набошед. Балки ҳушёр буда, ҳамчун шахсони бохирад қадаматонро дониста монед. 16Азбаски ин замон замони бадӣ аст, ҳар фурсатро ғанимат донед. 17Бефаросат набошеду донед, ки хости Худованд чист. 18Маст нашавед, ки мастӣ шуморо ба расвоӣ мебарад. Баръакс, бо Рӯҳулқудс пур шуда, 19дар вақти суҳбат бо якдигар сурудҳои Забурро хонед ва Худоро ҳамду сано гуфта, дар дилҳоятон таронаҳои парастиш барои Худованд хонед. 20Инчунин ҳамеша Худоро, ки Падарамон аст, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед.
Рафтори занону шавҳарон
21Ҳурмати Масеҳро карда, ба якдигар итоат кунед. 22Занон, ҳамон тавре ки ба Худованд итоат мекунед, ба шавҳарони худ низ итоат кунед. 23Охир, шавҳар барои занаш сар аст, чунон ки Масеҳ сари ҷамоати имондорон аст, ки он бадани Ӯст. Масеҳ ҳамчунин Наҷотдиҳандаи ҷамоаташ мебошад. 24Пас, чунон ки ҷамоати имондорон ба Масеҳ итоат мекунад, ҳамон тарз зан низ бояд ба шавҳари худ аз ҳар ҷиҳат итоат кунад.
25Мардҳо, занони худро бояд ҳамон тарз дӯст доред, ки Масеҳ ҷамоати имондоронро дӯст доштааст. Охир ба хотири ҷамоати имондорон Масеҳ Худро фидо намуд, 26то ки ба воситаи каломаш ин ҷамоатро гӯё бо об шустушӯ намуда, барои Худ ҷудо карда гирад. 27Масеҳ бо ин кораш хост имондоронро барои Худ ҳамчун ҷамоати бошукӯҳе муҳайё созад, ки бе ягон доғу иллат ва беайбу нуқсон аз они Ӯ бошад. 28Ана ҳамин тавр мард занашро ҳамчун ҷисму ҷони худ бояд дӯст дорад. Ҳар кӣ занашро дӯст дорад, нишон медиҳад, ки худашро дӯст медорад. 29Ҳеҷ инсоне нест, ки ягон бор ҷисмашро бад дида бошад. Баръакс, ҳар кас ҷисмашро хӯронда парвариш мекунад. Масеҳ ба ҷамоати имондорон чунин рафтор мекунад, 30чунки мо аъзои бадани Ӯ ҳастем.
31Дар навиштаҷот омадааст, ки «Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд».#5:31 Ибтидо 2:24 32Ин гуфтаҳо маънои чуқур доранд, аммо ман бо ин мисол Масеҳ ва ҷамоати имондоронро дар назар дорам. 33Лекин ба шумо низ ин гуфтаҳо тааллуқ доранд, ки ҳар мард бояд занашро баробари ҷонаш дӯст дорад. Занҳо бошанд, бояд иззату ҳурмати шавҳарони худро ба ҷо оваранд.
Currently Selected:
Эфсӯсиён* 5: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад