Эфсӯсиён* 6
6
Рафтори фарзандон ва падарону модарон
1Бачаҳо, ҳамчун пайравони Худованд падару модаратонро гӯш кунед. Ин вазифаи шумо аст. 2Охир, аввалин фармони асосии Худо, ки шарт дорад, чунин аст: «Падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо. 3Он гоҳ корат барор меёбаду умри дароз мебинӣ».#6:3 Хуруҷ 20:12; Такрори Шариат 5:16
4Падарон, шумо ҳам фарзандони худро асабонӣ накунед, балки бо панду насиҳатҳои Худованд онҳоро тарбия намуда ба воя расонед.
Рафтори ғуломону хӯҷаинон
5Ғуломон, ба хӯҷаинони хокии худ аз рӯйи иззату эҳтиром бо тарс ва самимона итоат кунед гӯё ба Масеҳ мекарда бошед. 6Мисли ғуломи хушомадгӯй, ки дар пеши соҳибаш нағз кор карда, дар набудани ӯ бо дили нохоҳам кор мекунад, хизмат накунед. Балки ҳамчун ғуломи Масеҳ хости Худоро бо ҷону дил иҷро намоед. 7Хизмати шумо на ҳамчун ба инсон, балки ҳамчун ба Худованд бо майлу рағбат бошад. 8Фаромӯш накунед, ки ҳар кас, хоҳ ғулому хоҳ озод, барои ҳар кори некаш аз Худованд мукофот мегирад.
9Хӯҷаинон, шумо низ ҳамин муомиларо нисбати ғуломони худ кунед. Ба онҳо дӯғу пӯписа заданро бас намоед. Дар ёд дошта бошед, ки дар осмон як Хӯҷаин доред, ки Ӯ ҳам хӯҷаини шумову ҳам хӯҷаини ғуломонатон аст ва ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекунад.
Дар бар кардани аслиҳаи Худо
10Ниҳоят, аз Худованд ва қудрати пурзӯраш қувват гиред. 11Ҳамаи аслиҳаи ҷангиеро, ки Худо ба шумо медиҳад, пӯшед ва ба даст гиред, то ки ба фиребу найрангҳои шайтон муқобилат нишон дода тавонед. 12Охир, мо на бар зидди инсон, ки соҳиби гӯшту хун аст, балки бар зидди соҳибони тахту тоҷ ва соҳибқудратону фармондеҳони ҳамин олами ҷинҳо ва бар зидди қувваҳои баде, ки дар осмон амал мекунанд, меҷангем. 13Бино бар ин, тамоми силоҳи Худоро ба худ гиред, то ки дар рӯзи ҳамлаи душман бо он зиддият нишон дода тавонеду муборизаро ба охир расонда, дастболо гардед.
14Инак, тайёр бошед! Мисли сарбоз ҳақиқатро ҳамчун тасма ба миёнатон баста, росткориро ҳамчун ҷавшани рӯйи сандуқи дил дар бар кунед. 15Инчунин хушхабареро, ки дар бораи сулҳу осоиштагӣ гирифтаед, ҳамчун пойафзори тайёр буданатон ба пой пӯшед. 16Илова бар ҳамаи ин, имонро сипар кунед, ки бо он ҳамаи тирҳои сӯзони шайтонро хомӯш карда метавонед. 17Наҷотро низ ҳамчун кулоҳи ҷангӣ ва сухани Худоро ҳамчун шамшере, ки Рӯҳулқудс медиҳад, ба даст гиред. 18Ҳамаи инро бо дуову илтиҷо аз Худо мадад талабида ба ҷо оред ва ҳама вақт бо роҳнамоии Рӯҳ дуо гӯед. Бино бар ин, ҳушёр бошеду барои тамоми халқи Худо ҳамеша истодагарона дуою илтиҷо намоед.
19Аз он ҷумла барои ман дуо кунед, ки Худо суханони даркориро ба забонам андозад ва ман нотарсона сирри хушхабарро эълон кунам. 20Ман ҳатто дар зиндон ҳамчун намояндаи Масеҳ хушхабарро паҳн мекунам. Пас, дуо кунед, ки ман ин хушхабарро ҳамон тавр ки бояд эълон шавад, далерона эълон кунам.
Хайрухуш
21Аз тамоми ҳолу аҳвол ва кору борам шуморо Тихикос, бародари азизу хизматгузори бовафои Худованд, хабардор мекунад. 22Ман бо ҳамин мақсад вайро пеши шумо фиристодам, ки аз ҳолати мо хабар дода, шуморо хотирҷамъ созад. 23Аз Худо Падар ва Худованд Исои Масеҳ барои бародарону хоҳарони имондор осоиштагӣ ва муҳаббат якҷоя бо имон металабам. 24Бигзор файзу меҳрубонии Худо бо ҳамаи онҳое бошад, ки Худовандамон Исои Масеҳро самимона дӯст медоранд.
Currently Selected:
Эфсӯсиён* 6: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад