Маст нашавед, ки мастӣ шуморо ба расвоӣ мебарад. Баръакс, бо Рӯҳулқудс пур шуда, дар вақти суҳбат бо якдигар сурудҳои Забурро хонед ва Худоро ҳамду сано гуфта, дар дилҳоятон таронаҳои парастиш барои Худованд хонед. Инчунин ҳамеша Худоро, ки Падарамон аст, ба хотири Худованди мо Исои Масеҳ барои ҳама чиз шукргузорӣ кунед.