Bible App logo
Search Icon

Эфсӯсиён* 4

4
Ягонагӣ дар бадани Масеҳ
1Пас ман, ки ба хотири Худованд зиндонӣ гаштаам, аз шумо илтимос мекунам, ки муносиби мақоме, ки Худо шуморо барояш даъват кардааст, зиндагӣ кунед. 2Дар зиндагӣ ҳамеша хоксору нармдил бошеду аз рӯйи муҳаббат якдигарро бо сабру тоқат бардошт кунед. 3Инчунин, то тавонед, ягонагиеро, ки аз ҷониби Рӯҳулқудс дода мешавад, ба воситаи созиш кардан бо якдигар нигоҳ доред. 4Чунон ки Худо ҳамаи шуморо ба як умед даъват кардааст, ҳамин тавр фақат як бадани Масеҳ ва як Рӯҳ, 5як Худованд, як имон ва як маросими таъмид бо об аст. 6Мо як Худо дорем, ки Падари ҳамаи мост. Ӯ болои сари ҳамаамон аст ва ба воситаи ҳамаи мо амал мекунаду дар вуҷуди ҳамаамон сокин мебошад.
7Лекин атоҳо ва қобилиятҳоро Масеҳ ба ҳар яки мо ба андозае, ки Худаш мехоҳад, мебахшад. 8Бино бар ин, дар навиштаҷот омадааст, ки
«Вақте Ӯ боло рафт,
бо Худ бисёр асиронро бурд
ва ба одамон атоҳо бахшид»#4:8 Забур 67:19.
9«Ӯ боло рафт» гуфтан чӣ маъно дорад? Ҳамин, ки Ӯ аввал ба қаъри замин фаромадааст. 10Пас ҳамон, ки фаромада буд, баъд ба ҷойи болотарини осмон низ рафт, то ки ҳама ҷойро бо Худ пур кунад.
11Инак атоҳои Масеҳ ҳамин буд, ки Ӯ баъзеҳоро фиристодагон, баъзеҳоро пайғамбарон, баъзеҳоро эълонкунандагони хушхабар ва баъзеҳоро ба мисли чӯпон нигоҳубинон ва муаллимони халқи Худо интихоб намудааст. 12Вазифаи онҳо халқи Худоро ба иҷрои кори Худо тайёр намудан аст, то ки бо хидмати онҳо ҷамоати имондорон, ки бадани Масеҳ аст, инкишоф ёбад. 13Мо то замоне инкишоф меёбем, ки ҳамаамон як хел бовар мекунем ва як хел фаҳмиш дар бораи Писари Худо пайдо мекунем. Дар натиҷа мо ба дараҷаи пурраи Масеҳ ба камол мерасем.
14Он гоҳ мо дигар ба монанди кӯдакон рафтор намекунем. Мо намегузорем, ки бовариамон мисли мавҷ алвонҷ хӯраду мо бо шамоли ҳар гуна таълимоти одамони ҳилагар ва сохтакор гумроҳ гардем, 15балки аз рӯйи муҳаббат ростиро баён намуда, аз ҳар ҷиҳат ба дараҷаи Масеҳ, ки Ӯ сари бадан аст, инкишоф меёбем. 16Ба воситаи Ӯ тамоми бадан бо банду буғумҳо бо ҳам пайваст шудааст. Ҳар яки он вазифаи худро иҷро карда, ба сабзиши бадани Масеҳ ёрӣ медиҳад. Дар натиҷа тамоми бадани Масеҳ худро бо муҳаббат такмил медиҳад.
Зиндагии нави масеҳӣ
17Инак, аз номи Худованд шуморо таъкид карда мегӯям, ки дигар ба мисли беимонон зиндагӣ накунед. Охир онҳо аз рӯйи фаҳмиши пучу холиашон рафтор мекунанд. 18Азбаски ақлашон тира гаштааст, онҳо барои ҳаёте, ки аз ҷониби Худо дода мешавад, бегонаанд, чунки кундфаҳму гарданшах гаштаанд. 19Ин одамон ҳисси нангу номусро аз даст дода, ба нафси шаҳвонӣ дода шудаанд ва ҳар қадар рафтори бешарму ҳаё кунанд ҳам, барояшон боз ҳам кам аст.
20Вале шумо аз Масеҳ чунин тарзи ҳаётро таълим нагирифтаед. 21Шумо, ки аниқ дар бораи Исо шунидаед ва аз Ӯ таълим гирифтаед, чун ростӣ дар Исо аст, 22медонед, ки бояд аз тарзи зиндагии пештара ва аз табиати куҳнаи худ, ки ба фиреби ҳавасҳои шаҳвонӣ гирифтор шуда, торафт нобуд мегашт, даст кашед. 23Шумо медонед, ки тарзи фикррониатон бояд пурра нав шавад 24ва он табиати наверо бояд дар бар кунед, ки ба Худо монанд офарида шудаасту хислатҳои ҳақиқии росткорӣ ва покиро дорад.
25Пас дурӯғгӯйиро бас кунед! Азбаски мо дар бадани Масеҳ аъзои якдигарем, биёед ба якдигар рост мегӯем. 26Дар сари қаҳру ғазаб гуноҳ накунед. Нагузоред, ки ғазабатон то ғуруби офтоб давом ёбад 27то ки ба шайтон роҳ дода нашавад.
28Дуздон, дигар дуздӣ накунед. Баръакс, бо дастони худ меҳнати фоиданок кунед, ки барои хайрияи муҳтоҷон чизе дошта бошед. 29Бигзор аз даҳони шумо ягон гапи хунук набарояд, балки бамаврид гап занед, то суханонатон фоидаовар бошанду шунавандагонатон аз он баҳра гиранд.
30Ҳамчунин Рӯҳулқудси Худоро ғамгин накунед. Охир бо Ӯ шумо муҳр зада шудаед, ки ин аз они Худо будану рӯзе пурра аз гуноҳ озод шуданатонро нишон медиҳад.
31Ҳамаи қаҳру ғазаб, хашм, ҷангу ғавғо ва дашномдиҳӣ ва ҳамаи кинаву адоватро аз худ дур кунед. 32Ба якдигар бомеҳру шафқат бошед ва ҳамон тавре ки Худо шуморо ба воситаи Масеҳ бахшидааст, шумо низ якдигарро бахшед.

Currently Selected:

Эфсӯсиён* 4: KMO

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in