Эфсӯсиён* 3
3
Хизмати Павлус барои ғайрияҳудиён
1Ана барои ҳамин ман, Павлус, ки баҳри шумо, ғайрияҳудиён, ҳамчун хизматгузори Исои Масеҳ дар зиндон мебошам, ба Худо дуо мекунам. 2Дар омади гап, шумо дар бораи вазифае, ки баҳри шумо аз рӯйи файзу меҳрубонии Худо ба ман дода шудааст, аниқ шунидаед. 3Ман дар бораи ин пештар каме навишта будам, ки чӣ тавр Худо сиррашро ба ман ошкор кардааст. 4Навиштаҳоямро хонда, шумо фаҳмиши маро дар бораи сирри Масеҳ дарк мекунед. 5Ин сир, ки ба одамони гузашта номаълум монда буд, ҳоло ба воситаи Рӯҳулқудс ба пайғамбарон ва фиристодагони муқаддаси Худо ошкор гаштааст.
6Худо ошкор кард, ки ба хотири Исои Масеҳ ғайрияҳудиён низ ба хушхабар бовар карда, якҷоя бо яҳудиён ба мероси Худо ҳақ пайдо мекунанд. Онҳо аъзои ҳамон як бадани Масеҳ мешаванду ба ваъдае, ки Худо ба яҳудиён дода буд, шарик мегарданд. 7Барои эълон кардани ана ҳамин хушхабар ман хизматгузори Худо гаштаам. Ин хизмат бароям ҳамчун файзу баракати Худо ва бо қудрати бузурги Ӯ ато шудааст.
8Гарчанде ман дар байни тамоми халқи Худо аз ҳама камарзиштарин ҳастам, ба ман ҳамин ато дода шудааст, ки ба халқҳои ғайрияҳудӣ хабари хушро дар бораи сарвати бепоёни Масеҳ расонам. 9Инчунин ба ман ато шудааст, ки нақшаи ҳамон сирри Худоро, ки Ӯ, Офарандаи ҳама чиз аз асрҳои пеш пинҳон нигоҳ медошт, ба ҳама равшан гардонам.
10Ҳамаи инро Худо бо мақсади он кард, ки акнун ба воситаи ҷамоати имондорон хираду ҳикмати серпаҳлуи Худро ба ҳокимону сардорони олами рӯҳонӣ маълум гардонад. 11Ана ҳамин буд нақшаи абадии Худо, ки Ӯ онро ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ амалӣ гардонд. 12Инак, ба хотири Масеҳ мо бо имоне, ки ба Ӯ дорем, бе тарсу ҳарос ва дилпурона ба Худо наздик шуда метавонем.
13Бино бар ин, илтимос мекунам, ки аз сабаби азобу уқубате, ки ман ба хотири шумо мекашам, рӯҳафтода нашавед, чунки он боиси обрӯйи шумо мебошад.
Дуо барои дарк кардани муҳаббати Худо
14-15 Аз ин рӯ, ман пеши Падар, ки Офарандаи ҳама кас чи дар осмону чи дар замин аст, зону зада, 16дуо мекунам, ки аз рӯйи сарвати пуршукӯҳаш бо Рӯҳи Худ ба шумо қудрат бахшида, шуморо рӯҳан боқувват кунад. 17Бигзор аз барои имонатон, ки ба Масеҳ доред, Ӯ дар дили шумо сокин бошаду шумо дар муҳаббат реша давонда, устувор гардед, 18то ки якҷоя бо тамоми халқи Худо муҳаббати беҳадду канор ва беохиру бепоёни Худоро пурра дарк карда тавонед. 19Дуо мекунам, ки муҳаббати Масеҳро низ, ки бо ақл фаҳмида намешавад, дарк кунед, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.
20-21 Ҳоло шаъну шараф ба Худо ба воситаи ҷамоати имондорон ва Исои Масеҳ дар ҳар насл ва то абад, чунки Ӯ бо қудрати бузургаш бештар аз ҳар он чи орзу ва хоҳиш мекунем, карда метавонад ва ин қудраташ дар мо амал мекунад! Омин.
Currently Selected:
Эфсӯсиён* 3: KMO
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад