Инак атоҳои Масеҳ ҳамин буд, ки Ӯ баъзеҳоро фиристодагон, баъзеҳоро пайғамбарон, баъзеҳоро эълонкунандагони хушхабар ва баъзеҳоро ба мисли чӯпон нигоҳубинон ва муаллимони халқи Худо интихоб намудааст. Вазифаи онҳо халқи Худоро ба иҷрои кори Худо тайёр намудан аст, то ки бо хидмати онҳо ҷамоати имондорон, ки бадани Масеҳ аст, инкишоф ёбад. Мо то замоне инкишоф меёбем, ки ҳамаамон як хел бовар мекунем ва як хел фаҳмиш дар бораи Писари Худо пайдо мекунем. Дар натиҷа мо ба дараҷаи пурраи Масеҳ ба камол мерасем.