дуо мекунам, ки аз рӯйи сарвати пуршукӯҳаш бо Рӯҳи Худ ба шумо қудрат бахшида, шуморо рӯҳан боқувват кунад. Бигзор аз барои имонатон, ки ба Масеҳ доред, Ӯ дар дили шумо сокин бошаду шумо дар муҳаббат реша давонда, устувор гардед, то ки якҷоя бо тамоми халқи Худо муҳаббати беҳадду канор ва беохиру бепоёни Худоро пурра дарк карда тавонед. Дуо мекунам, ки муҳаббати Масеҳро низ, ки бо ақл фаҳмида намешавад, дарк кунед, то ки бо тамоми пуррагии Худо пур шавед.