YouVersion Logo
Search Icon

Сафаниё 1

1
БОБИ ЯКУМ
Доварӣ бар Яҳудо — тимсоли рӯзи ояндаи Худованд.
1Каломи Худованд, ки бар Сафаниё ибни Кушӣ, ибни Ҷадальё, ибни Амарьё, ибни Ҳизқиё, дар айёми Йӯшиё ибни Омӯн, подшоҳи Яҳудо, нозил шуд.
2«Ҳамаро аз рӯи замин
тамоман маҳв мекунам», мегӯяд Худованд.
3«Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам,
мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр,
ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам;
ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам»,
мегӯяд Худованд.
4«Ва дасти Худро бар Яҳудо
ва бар ҳамаи сокинони Ерусалим дароз мекунам,
ва бақияи Баал,
ва номҳои пешвоёни бутпарастонашро бо якҷоягии коҳинонаш нест мекунам;
5Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд,
ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум#1:5 Милкум — номи худои Аммӯн, ки онро Мӯлех ҳам мегуфтанд. қасам мехӯранд,
6Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд,
яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».
7Ба ҳузури Худованд Худо хомӯш бош!
Зеро ки рӯзи Худованд наздик аст;
зеро ки Худованд қурбоние тайёр кардааст, даъватшудагони Худро тақдис намудааст.
8«Ва дар рӯзи қурбонии Худованд чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки Ман сарварон, ва писарони подшоҳ, ва ҳамаи онҳоеро,
ки либоси бегона мепӯшанд, муҷозот хоҳам намуд.
9Ва дар он рӯз ҳамаи онҳоеро, ки аз остона ҷаста мегузаранд,
ва хонаи оғои худро аз ситам ва макр пур мекунанд,
муҷозот хоҳам намуд».
10«Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд,
«ки садои фиғон аз дарвозаи моҳиён,
ва вовайло аз маҳаллаи дуюм,
ва шикастагии бузурге аз болои пуштаҳо ба гӯш хоҳад расид.
11Вовайло кунед, эй сокинони Мактеш,
зеро ки тамоми қавми тоҷир маҳв гардидаанд,
ҳамаи нуқраандӯзон нест шудаанд.
12Ва дар он вақт чунин воқеъ хоҳад шуд,
ки Ман Ерусалимро бо чароғҳо тафтиш хоҳам кард,
ва шахсонеро, ки бар дурди худ нишаста, дар дили худ мегӯянд:
„Худованд на некӣ мекунад ва на бадӣ“, муҷозот хоҳам намуд.
13Ва дороии онҳо ба ғанимат гирифта
ва хонаҳои онҳо валангор хоҳад шуд;
ва хонаҳо бино хоҳанд кард, вале дар онҳо сокин нахоҳанд шуд,
ва токҳо хоҳанд шинонид, вале шароби онҳоро нахоҳачд нӯшид».
14Рӯзи бузурги Худованд наздик аст,
он наздик аст ва хело мешитобад:
садои рӯзи Худованд ба гӯш мерасад!
Он гоҳ баҳодур ҳам фиғони талх хоҳад бардошт.
15Он рӯз рӯзи ғазаб аст,
рӯзи тангӣ ва мусибат,
рӯзи вайронӣ ва харобӣ,
рӯзи торикӣ ва зулмот,
рӯзи абр ва меғ,
16Рӯзи шох ва нидоҳо бар шаҳрҳои ҳисордор ва бар бурҷҳои баланд.
17Ва Ман одамонро ба танг меоварам,
ва онҳо мисли кӯрон роҳ хоҳанд рафт,
зеро ки пеши Худованд гуноҳ кардаанд;
ва хунашон мисли ғубор,
ва гӯшташон мисли саргин рехта хоҳад шуд.
18На нуқраи онҳо, на тиллои онҳо
дар рӯзи ғазаби Худованд онҳоро наметавонад наҷот диҳад,
ва бо оташи рашки Ӯ тамоми замин фурӯ бурда хоҳад шуд,
зеро ки ҳалокате, он ҳам ҳалокати ногаҳоние,
Ӯ бар ҳамаи сокинони замин хоҳад овард.

Currently Selected:

Сафаниё 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy