YouVersion Logo
Search Icon

Сафаниё 2

2
БОБИ ДУЮМ
Муроҷиат ба бақия бо даъват, ки тавба кунанд.
1Барои тавба ҷамъ шавед ва фароҳам оед, эй халқи беҳаё,
2Пеш аз он ки ҳукми ҷазо ба амал ояд, —
чунки рӯз мисли пари коҳ зуд гузашта меравад, —
пеш аз он ки шиддати хашми Худованд бар шумо фурӯд ояд,
пеш аз он ки рӯзи ғазаби Худованд бар шумо фурӯд ояд.
3Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин,
ки аҳкоми Ӯро ба ҷо меоваред;
адолатро биталабед, фурӯтаниро биталабед, —
шояд, ки дар рӯзи хашми Худованд тавонед пинҳон шавед.
Доварӣ бар халқҳо.
4Зеро ки Ғазза тарк карда хоҳад шуд,
ва Ашқалӯн ба харобазор табдил хоҳад ёфт;
аҳли Ашдӯд нимирӯзӣ бадар ронда хоҳанд шуд,
ва Эқрӯн решакан хоҳад гардид.
5Вой ба ҳоли халқи критиён,
ки сокинони минтақаи баҳр мебошанд!
Каломи Худованд дар ҳаққи шумост,
эй Канъон, замини фалиштиён!
Ва Ман туро нест хоҳам кард,
ба дараҷае ки сокине дар ту боқӣ нахоҳад монд.
6Ва минтақаи баҳр мавзеи чоҳҳои чӯпонон
ва кӯраҳои гӯсфандон хоҳад шуд.
7Ва ин минтақа барои бақияи хонадони Яҳудо хоҳад буд,
то ки дар он ҷо чаро кунанд;
шабонгоҳ дар хонаҳои Ашқалӯн хоҳанд хобид,
зеро ки Худованд Худояшон онҳоро тафаққуд намуда,
асиронашонро хоҳад баргардонид.
8«Дашноми Мӯоб ва ҳақоратҳои банӣ‐Аммӯнро шунидаам,
ки қавми Маро таҳқир намуда,
дар ҳудуди онҳо калонигарӣ мекарданд.
9Бинобар ин ба ҳаёти Худам қасам»,
мегӯяд Худованди лашкарҳо, Худои Исроил,
«ки замини Мӯоб мисли Садӯм
ва замини банӣ‐Аммӯн мисли Амӯро хоҳад шуд,
мавзеи хорҳо, ва кони намак,
ва харобазори абадӣ хоҳад гардид;
бақияи қавми Ман онҳоро тороҷ хоҳанд кард,
ва боқимондагони халқи Ман онҳоро
ба тасарруфи худ хоҳанд даровард».
10Ин ба сари онҳо аз боиси кибрашон хоҳад омад, зеро ки дар ҳаққи қавми Худованди лашкарҳо таҳқир ва калонигарӣ карданд.
11Худованд бар онҳо саҳмгин хоҳад буд, зеро ки Ӯ ҳамаи худоёни заминро маҳв хоҳад кард, ва ҳамаи халқҳои сокини ҷазираҳо, ҳар яке аз макони худ, ба Ӯ саҷда хоҳанд кард.
12«Шумо низ, эй ҳабашиён,
бо шамшери Ман кушта хоҳед шуд».
13Ва Ӯ дасти Худро бар шимол дароз карда,
Ашшурро маҳв хоҳад намуд, ва Нинверо ба харобазоре,
ба саҳрои хушке ки мисли биёбон бошад, табдил хоҳад дод.
14Ва андаруни он галаҳои сершумори ҳар навъ ҳайвонот хоҳанд хобид,
ва мурғи саққо, ва хорпушт бар болодариҳои он ҷойгир хоҳанд шуд;
садои хониши паррандагон аз тирезаҳояш ба гӯш хоҳад расид,
ва харобӣ бар остонаҳояш намоён хоҳад буд,
зеро ки чӯбҳои арзи рӯйбасти онҳо вайрон шудааст.
15Ин шаҳри пурсурур, ки бепарвоёна умр ба сар бурда, дар дили худ мегуфт:
«Ман ҳастам, ва ғайр аз ман дигаре нест», чӣ гуна хароб гардида,
ба маскани ҳайвонот табдил ёфтааст!
Ҳар касе ки аз пеши он бигзарад,
ба ҳоли он ҳуштак зада, даст хоҳад афшонид.

Currently Selected:

Сафаниё 2: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy