YouVersion Logo
Search Icon

Ҳабаққуқ 3

3
БОБИ СЕЮМ
Дуои набӣ пур аз умедвории шодиёна аст.
1Дуои Ҳабаққуқи набӣ бар услуби суруди ҷонсӯз.
2Худовандо! Овозатро шунидам — ҳаросон шудам.
Худовандо! Амали Худро дар солҳои наздик зинда намо,
дар солҳои наздик онро зоҳир бисоз;
дар вақти ғазаб раҳмро ба ёд овар.
3Худо аз Темон меояд, ва Куддус — аз Форон. Село.
Шукӯҳи Ӯ осмонро фаро гирифтааст,
ва ҷалоли Ӯ заминро пур кардааст.
4Ва дурахши Ӯ мисли найир аст, шуоъҳо аз дасти Ӯст,
ва ниҳонгоҳи ҷалоли Ӯ дар он ҷост.
5Пешопеши Ӯ вабо равон аст,
ва аз паси қадамҳояш аланга берун меояд.
6Чун биистад — заминро ба ҷунбиш меоварад;
чун назар афканад — халқҳоро ба ларза меандозад;
ва кӯҳҳои азалӣ метаркад, пуштаҳои абадӣ паст мешавад;
тариқҳои Ӯ ҷовидонист.
7Хаймаҳои Кушонро зери бори мусибат дидам;
чодирҳои замини Мидьёнро ларза гирифтааст.
8Оё бар наҳрҳо ғазаби Худованд аланга гирифтааст?
Оё хашми Ту ба наҳрҳо,
ва қаҳри Ту ба баҳрҳо нигаронида шудааст,
ки Ту бар аспони Худ,
бар аробаҳои наҷотбахши Худ савор шудаӣ?
9Камони Худро аз ғилофаш бараҳна намуда,
анбӯҳи тирҳоро ба парвоз овардаӣ. Ӯмер село#3:9 Ӯмер село — ин ибора, аз афташ, ишораи мусиқиест, ки тағьири оҳангро мефаҳмонад..
Заминро бо наҳрҳо чок‐чок кардаӣ.
10Кӯҳҳо Туро дида, ба ларза омад, селобҳо ҷорӣ шуд,
варта овозашро баровард, мавҷҳояшро боло бардошт.
11Офтоб ва моҳ аз нури тирҳои паррони Ту,
аз дурахши найзаҳои барроқи Ту дар масканҳои худ истоданд.
12Ту бо ғазаб бар замин қадам мезанӣ,
бо хашм халқҳоро поймол мекунӣ.
13Барои наҷот додани қавми Худ,
барои наҷот додани Масеҳи Худ берун омадӣ;
бурҷи хонаи шарирро зада вайрон кардӣ,
онро аз буньёдаш то бомаш хароб намудӣ. Село.
14Сари ҳокимони варо бо тирҳои худи вай маҷрӯҳ кардӣ,
вақте ки онҳо мисли тундбоде ҳамла оварданд, то ки
маро пароканда намоянд, дар айни хол шодии онҳо мисли он буд,
ки мискинеро ба таври пинҳонӣ фурӯ мебурда бошанд.
15Бо аспонат дар баҳр аз даруни гирдоби
обҳои бисьёр барои Худ роҳ кушодӣ.
16Чун шунидам, ботинамро ларза гирифт,
аз он садо лабҳоям ба раъша омад,
заъф то мағзи устухонҳоям ҷойгир шуд,
ва ман дар ҷои нишасти худ ба ларзиш омадам;
ва ҳол он ки дар интизори рӯзи тангӣ,
вақте ки қавме бо фавҷҳои худ бар мо ҳуҷум оваранд, ман бояд ором бошам:
17Агарчи дарахти анҷир гул накунад, ва токҳо бор наоварад,
ва меваи зайтун мувофиқи чашмдошт набошад,
ва киштзорҳо ҳосил надиҳад,
ва гӯсфандон аз қӯра талаф шавад,
ва говҳо дар оғил мавҷуд набошад, —
18Вале ман дар Худованд шод хоҳам буд,
ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад.
19Худованд Худо қуввати ман аст:
Ӯ пойҳои маро, мисли пойҳои оҳуён мегардонад,
ва маро бар баландиҳоям ҳидоят менамояд.
Барои сардори муғанниён бар созҳои торнок.

Currently Selected:

Ҳабаққуқ 3: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy