YouVersion Logo
Search Icon

Суруди Сурудҳо 6

6
БОБИ ШАШУМ
Шодии дидор.
1Маҳбуби ту куҷо рафтааст,
эй нозанинтарини занон?
Маҳбуби ту ба куҷо рӯ овардааст?
Ӯро бо ту ҷустуҷӯ хоҳем кард.
2Маҳбуби ман ба боғи худ,
ба пуштаҳои райҳон фурӯд омадааст,
то ки дар боғот бичаронад
ва савсанҳо бичинад.
3Ман аз они маҳбуби худ ҳастам, ва маҳбуби ман аз они ман аст;
ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.
4Эй ёри ман! Ту мисли Тирсо нозанин,
мисли Ерусалим зебо
ва мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин ҳастӣ.
5Чашмонатро аз ман дур соз,
чунки онҳо маро ба ҳаяҷон меоваранд;
мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест,
ки аз Ҷилъод мавҷмонанд фурӯд меоянд.
6Дандонҳоят мисли рамаи мешҳоест,
ки аз шустан баромадаанд,
ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд,
ва нуқсоне дар онҳо нест.
7Рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту
мисли нимаҳои анор аст.
8Агарчи шаст нафар маликаҳо ва ҳаштод нафар сурриягон ҳастанд,
ва дӯшизагон сону шумор надоранд,
9Лекин кабӯтари ман, покизаи ман ягона аст:
ӯ ягонаи модари худ,
мумтози волидаи худ мебошад.
Духтарон ӯро диданд ва ҳамду сано ба ӯ хонданд,
маликаҳо ва сурриягон ӯро ситоиш карданд.
10«Ин кист, ки мисли шафақи субҳ дурахшон аст,
мисли моҳ нозанин аст,
мисли офтоб тобон аст,
мисли фавҷҳои байрақдор саҳмгин аст?»
11Ба боғи чормағз фурӯд омадам,
то ки сабзазори водиро тамошо кунам,
то бубинам, ки оё ток гул кардааст,
ва оё анор муғҷа кушодааст?
12Надонистам, ки ҷони ман чӣ гуна маро
ба аробаҳои наҷибони қавми ман ҷазб намуд.

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in