Суруди Сурудҳо 7
7
БОБИ ҲАФТУМ
Муоширати дӯстона.
1Баргард, баргард, эй Шуламит!
Баргард, баргард, то ки ба ту назар кунем.
Ба Шуламит чӣ назар мекунед,
вақте ки ӯ дар миёни ду лашкаргоҳ мерақсад?
2Чӣ зебост пойҳоят дар кафшҳо,
эй духтари наҷиб! Суринҳоят мисли зеварҳост,
ки амали дастҳои санъатгар аст.
3Нофат косаи мудаввар аст,
ки шароби дорувордор дар он камӣ намекунад.
Батнат хирмани гандум аст,
ки бо савсанҳо ороиш ёфтааст.
4Ду пистонат мисли ду оҳубараи
экизаки модаоҳу мебошад.
5Гарданат мисли бурҷи оҷ аст;
чашмонат мисли ҳавзҳои Ҳешбӯн
дар назди дарвозаи Батрабим аст;
биниат мисли бурҷи Лубнон аст,
ки ба сӯи Димишқ нигаронида шудааст.
6Сарат бар ту мисли Кармил аст,
ва кокули сарат мисли арғувон аст;
подшоҳ ба турраҳояш гирифтор шудааст.
7Чӣ нозанин ҳастӣ ва чӣ дилпазир,
эй маҳбуба, дар ҳаловатҳо!
8Ин қоматат ба нахл монанд аст,
ва пистонҳоят — ба шингилҳои меваи он.
9Гуфтам, ки бар нахл баромада,
навдаҳояшро нигоҳ хоҳам дошт;
ва пистонҳоят мисли шингилҳои ангур хоҳад буд,
ва роиҳаи нафасат — мисли себҳо,
10Ва даҳонат — мисли шароби ноб.
Он ба гулӯи маҳбуби ман бемалол фурӯ меравад,
лабҳои хуфтагонро ба ҳаракат меоварад.
11Ман аз они маҳбуби худ ҳастам,
ва иштиёқи ӯ бар ман аст.
12Биё, эй маҳбуби ман, ба сайри саҳро бароем,
дар деҳот шаб гузаронем,
13Бомдодон ба токзорҳо биравем:
бубинем, ки оё ток гул карда,
ғӯра бастааст
ва оё анорҳо муғҷа кушодааст?
Дар он ҷо ишқбозиҳоямро ба ту хоҳам бахшид.
14Роиҳаи меҳргиёҳҳо меояд,
ва назди дарҳои мо ҳар навъ меваҳои хуштаъми тару тоза
ва кӯҳна мавҷуд аст:
онҳоро барои ту, эй маҳбуби ман, саришта кардаам.
Currently Selected:
Суруди Сурудҳо 7: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.