YouVersion Logo
Search Icon

Суруди Сурудҳо 5

5
БОБИ ПАНҶУМ
Овози домод.
1Ба боги худ омадам, эй хоҳар ва арӯси ман!
Мури худро бо атри худ чидам, шони худро бо асали худ хӯрдам,
шароби худро бо шири худ нӯшидам.
Эй ёрон, бихӯред!
Эй маҳбубон, бинӯшед ва маст шавед!
Арӯс аз фироқ андӯҳгин аст ва ҷамоли домодро ситоиш мекунад.
2Ман дар хоб ҳастам, вале дилам бедор аст;
садое шунидам: маҳбуби ман дарро мекӯбад.
«Барои ман бикшо, эй хоҳари ман, эй ёри ман,
эй кабӯтари ман, эй покизаи ман!
Чунки сарам аз шабнам,
ва зулфҳоям аз рутубати шаб пур аст».
3Пероҳанамро кашидаам;
чӣ гуна онро бипӯшам?
Пойҳоямро шустаам;
чӣ гуна онҳоро чиркин кунам?
4Маҳбуби ман дасташро аз сӯрохи дар дароз кард,
ва дилам барои ӯ биошуфт.
5Ман бархостам, то ки барои маҳбуби худ бикшоям,
ва аз дастам мур чакид,
ва аз ангуштҳоям мури
покиза бар дастаи қуфл чакид.
6Ман барои маҳбуби худ кушодам,
вале маҳбуби ман сар тофта рафта буд.
Вақте ки сухан гуфт, ҷонам дар изтироб афтод;
ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам;
ӯро ҷеғ задам, вале ба ман ҷавоб нагардонд.
7Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд,
маро ёфтанд;
маро заданд, маро захмдор карданд;
посбонҳои ҳисорҳо сарандози маро аз сарам кашида гирифтанд.
8Эй духтарони Ерусалим!
Шуморо қасам медиҳам,
ки агар маҳбуби маро биёбед, ба ӯ бигӯед,
ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.
9«Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ хубӣ дорад,
эй нозанинтарини занон?
Маҳбуби ту аз маҳбубони дигар чӣ бартарӣ дорад,
ки моро чунин қасам медиҳӣ?»
10Маҳбуби ман сафедпӯст ва сурхрухсор аст,
бар беваре баланд бардошта шудааст.
11Сари ӯ зари сурхи холис аст;
зулфҳояш марғӯладор
ва мисли зоғ сиёҳ аст.
12Чашмонаш мисли кабӯтарони
назди маҷроҳои об аст,
ки дар шир ғусл мекунанд
ва бар ҷӯйбори пуроб менишинанд.
13Рухсорҳояш пуштаҳои райҳон,
парваришгоҳи гиёҳҳои атрафшон аст;
лабҳояш савсанҳост,
ки аз онҳо мури покиза мечакад.
14Дастҳояш лӯлаҳои тиллост,
ки бо забарҷад мурассаъ шудааст;
баданаш ҳайкале аз оҷ аст,
ки аз ёқути кабуд хотамкорӣ дорад.
15Соқҳояш сутунҳои мармар аст,
ки бар пояҳои зари холис таъсис ёфтааст;
шамоилаш мисли Лубнон аст,
мисли арз боҳашамат аст.
16Даҳонаш ширинсухан аст,
ва ӯ сар то по фаттон аст;
чунин аст маҳбуби ман, ва чунин аст ёри ман,
эй духтарони Ерусалим!

Highlight

Copy

Compare

Share

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in