Суруди Сурудҳо 4
4
БОБИ ЧОРУМ
Домод дар бораи фазилатҳои арӯс сухан меронад.
1Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!
Инак, ту нозанин ҳастӣ!
Чашмонат аз пушти бурқаи ту мисли чашмони кабӯтар аст;
мӯйҳоят мисли рамаи бузҳоест,
ки аз кӯҳи Ҷилъод мавҷзанон фурӯд меоянд.
2Дандонҳоят мисли рамаи мешҳои пашмбуридаест,
ки аз шустан баромадаанд,
ва ҳамаашон экизаквор ҷуфт‐ҷуфт мебошанд,
ва нуқсоне дар онҳо нест.
3Лабҳоят мисли риштаи қирмизӣ аст,
ва даҳонат зебост;
рухсорҳоят аз пушти бурқаи ту
мисли нимаҳои анор аст.
4Гарданат мисли бурҷи Довуд аст,
ки барои кӯрхона бино ёфтааст;
ҳазор сипар, — ҳамаи сипарҳои паҳлавонон, —
бар он овезон аст.
5Ду пистонат мисли ду оҳубараи
экизаки модаоҳу мебошад,
ки дар миёни савсанҳо мечаранд.
6То вақте ки субҳ бидамад,
ва сояҳо бигрезад, ба кӯҳи мур
ва ба тали лодан хоҳам рафт.
7Ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!
Ва нуқсоне дар ту нест.
8Аз Лубнон бо ман, эй арӯс,
аз Лубнон бо ман биё!
Аз қуллаи Амона,
аз қуллаи Сенир ва Ҳермӯн,
аз лонаҳои шерон,
аз кӯҳҳои баброн назар андоз.
9Дили маро рабудаӣ, эй хоҳар ва арӯси ман!
Бо як нигоҳи чашмони худ,
бо як тавқе ки бар гардани туст, дили маро рабудаӣ.
10Чӣ хуш аст ишқбозиҳои ту, эй хоҳар ва арӯси ман!
Чӣ хубтар аст ишқбозиҳои ту аз шароб,
ва роиҳаи равғанҳои атрафшони ту
аз тамоми атриёт!
11Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс!
Асал ва шир дар таҳти забони туст,
ва роиҳаи пероҳанат мисли роиҳаи Лубнон аст.
12Хоҳар ва арӯси ман боғи дарбаста,
чашмаи қуфлкарда, манбаи мӯҳрзада мебошад.
13Ниҳолҳоят фирдавси анорҳост бо дарахтони меваи хуштаъм;
гулҳои ҳиност бо сунбулҳо;
14Сунбул ва заъфар, наи атрогин ва дорчин
аст бо ҳар навъ дарахтони лодан;
мур ва уд аст бо ҳар гуна атриёти сара.
15Чашмаи боғот
ва чоҳи оби зинда аст,
ки аз Лубнон ҷорист.
Ҷавоби арӯс.
16Эй боди шимолӣ, бархез!
В‐эй боди ҷанубӣ, биё!
Бар боғи ман биваз,
то ки атрҳояш паҳн шавад,
маҳбуби ман ба боғи худ биёяд
ва меваҳои хуштаъми худро бихӯрад.
Currently Selected:
Суруди Сурудҳо 4: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.