Суруди Сурудҳо 3
3
БОБИ СЕЮМ
Садоқатмандии ёр.
1Шабонгоҳ бар бистари худ ӯро,
ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ кардам;
ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.
2Пас, бархоста, дар шаҳр,
дар кӯчаҳо ва майдонҳо гардиш мекунам;
ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ҷустуҷӯ мекунам;
ӯро ҷустуҷӯ кардам, вале ӯро наёфтам.
3Посбонҳое ки дар шаҳр гаштугузор мекунанд,
маро ёфтанд.
«Оё ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, дидаед?»
4Навакак аз пеши онҳо гузашта будам,
ки ӯро, ки ҷонам дӯст медорад, ёфтам;
ӯро дошта гирифтам, ва ӯро сар надодам,
то вақте ки ӯро ба ҳавлии модари худ
ва ба ҳуҷраи волидаи худ овардам.
5Эй духтарони Ерусалим!
Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам,
ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,
бедор накунед ва аз хоб нахезонед.
6Ин кист, ки аз биёбон
мисли сутунҳои дуд сууд менамояд,
ва аз бухури#3:6 Бухур — қатрони (моддаи) хушбуе, ки дар вақти ибодат барои мадҳу санои Худованд месӯзондан. мур ва лодан
ва ҳар навъ хокаи атрафшони резаворфурӯш муаттар шудааст?
7Инак тахти равони Сулаймон!
Шаст нафар паҳлавонон дар гирди он,
аз паҳлавонони Исроил.
8Ҳамаи онҳо шамшердор
ва ҷангозмуда мебошанд;
шамшери ҳар яке,
аз бими шаб, бар рони ӯст.
9Сулаймони подшоҳ тахти равоне барои худ
аз дарахтони Лубнон сохтааст;
10Сутунҳои онро аз нуқра,
соябони онро аз тилло,
нишемангоҳи онро аз арғувон сохтааст;
даруни он бо муҳаббати
духтарони Ерусалим ороиш ёфтааст.
11Эй духтарони Сион!
Берун оед ва Сулаймони подшоҳро бубинед,
бо тоҷе ки модараш дар рӯзи тӯи арӯсии ӯ,
ва дар рӯзи шодмонии дили ӯ
бар сари ӯ ниҳодааст.
Currently Selected:
Суруди Сурудҳо 3: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.