Суруди Сурудҳо 2
2
БОБИ ДУЮМ
Арӯс ба вохӯрӣ бо домод муштоқ аст.
1Ман наргиси Шорӯн,
савсани водиҳо ҳастам.
2Чунон ки савсан дар миёни хорҳост,
ончунон ёри ман дар миёни духтарон аст.
3Чунон ки дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал аст,
ончунон маҳбуби ман дар миёни амрадон аст;
дар сояи ӯ бо иштиёқ нишастам,
ва меваи ӯ барои коми ман ширин аст.
4Ӯ маро ба шаробхона овард,
ва байрақи ӯ бар сари ман муҳаббат аст.
5Маро бо кулчаҳои мавизӣ қувват бахшед,
маро бо себҳо тақвият диҳед!
Зеро ки ман барои муҳаббат бемор ҳастам.
6Дасти чапаш дар таги сари ман аст,
ва дасти росташ маро ба оғӯш мекашад.
7Эй духтарони Ерусалим!
Шуморо ба оҳувон ё ғизолони саҳро қасам медиҳам,
ки маҳбубамро, то вақте ки худаш хоҳад,
бедор накунед ва аз хоб нахезонед.
8Овози маҳбуби ман аст!
Инак, ӯ меояд!
Бар кӯҳҳо ҷастухез мекунад,
бар талҳо мепарад.
9Маҳбуби ман мисли оҳу ё барраи ғизолон аст;
инак, ӯ дар пушти тавораи мо истодааст,
аз тирезаҳо назар меандозад,
аз равзанҳо менигарад.
10Маҳбуби ман ба сухан оғоз намуда, ба ман гуфт:
«Эй ёри ман, эй нозанини ман,
бархез ва биё!
11Инак, зимистон гузашт,
борон аз бориш монда, абрҳо рафт.
12Муғчаҳо бар замин намудор шуд,
вақти хониши паррандагон расид,
ва овози қумрӣ дар кишвари мо шунида мешавад;
13Дарахти анҷир бор гирифтааст,
ва токҳо ғӯра баста, роиҳаи хуш медиҳад.
Эй ёри ман, эй нозанини ман,
бархез ва биё!
14Эй кабӯтари ман, ки дар сӯрохҳои сахра,
дар ниҳонгоҳи суфакӯҳ қарор гирифтаӣ!
Чеҳраи худро ба ман нишон деҳ,
овози худро ба ман бишнавон,
зеро ки овози ту хуш аст,
ва чеҳраи ту зебост».
15Шағолҳоро — шағолҳои хурдеро,
ки ба токзорҳо зарар меоваранд, — барои мо
дастгир кунед, чунки токзорҳои мо ғӯра бастааст.
16Маҳбуби ман аз они ман аст, ва ман аз они ӯ;
ӯ дар миёни савсанҳо мечаронад.
17То вақте ки субҳ бидамад,
ва сояҳо бигрезад, эй маҳбуби ман, баргард,
бар кӯҳпораҳо мисли оҳу ё барраи ғизолон бош.
Currently Selected:
Суруди Сурудҳо 2: KM92
Highlight
Copy
Compare
Share
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.