YouVersion Logo
Search Icon

Суруди Сурудҳо 1

1
БОБИ ЯКУМ
Муоширати шодиёнаи домод ва арӯс.
1Суруди сурудҳо, ки аз они Сулаймон аст.
2Кошки маро бо бӯсаҳои даҳони худ бибӯсад!
Зеро ки ишқбозиҳои ту аз шароб хубтар аст.
3Равғанҳои атрафшони ту барои бӯидан хуб аст;
исми ту мисли равғани атрафшони рехта мебошад;
бинобар ин дӯшизагон туро дӯст медоранд.
4Маро аз қафои худ бикаш, то ки бидавем, —
подшоҳ маро ба ҳуҷраҳои худ овард, —
аз ту ба ваҷд оем ва шодӣ кунем,
ишқбозиҳои туро бештар аз шароб ситоиш намоем.
Туро сазоворона дӯст медоранд.
5Эй духтарони Ерусалим!
Ман сиёҳ ҳастам, вале зебо,
мисли хаймаҳои Қедор,
мисли пардаҳои Сулаймон.
6Ба он нигоҳ накунед, ки ман сиёҳтоб ҳастам,
зеро ки офтоб маро сӯзонд:
писарони модарам ба ман хашм гирифтанд,
маро дидбони токзорҳо карданд;
лекин токзори худро натавонистам дидбонӣ намоям.
7Эй он ки ҷонам туро дӯст медорад!
Ба ман бигӯй, ки дар куҷо мечаронӣ?
Пешингоҳон рамаро куҷо мехобонӣ?
Чаро назди рамаҳои рафиқони ту
мисли зани гумроҳе бошам?
8Эй нозанинтарини занон!
Агар надонӣ,
аз паи рама берун ой,
ва бузғолаҳоятро
назди масканҳои чӯпонон бичарон.
9Эй ёри ман! Туро ба аспе
ки дар аробаи фиръавн аст, монанд кардам.
10Чӣ зебост рухсорҳои ту дар миёни зеварҳо,
гардани ту бо гарданбанд!
11Шилшилаҳои тилло бо пулакчаҳои нуқра барои ту хоҳем сохт.
12То вақте ки подшоҳ бар нишемангоҳи худ буд,
сунбули ман роиҳаи худро медод.
13Маҳбуби ман барои ман таблаи мур аст,
ки дар миёни пистонҳоям мехобад.
14Маҳбуби ман барои ман шингили гули ҳиност,
ки дар токзорҳои Айн‐Ҷадӣ месабзад.
15Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй ёри ман!
Инак, ту нозанин ҳастӣ! Чашмонат мисли чашмони кабӯтар аст.
16Инак, ту нозанин ҳастӣ, эй маҳбуби ман!
Низ дилпазир ҳастӣ;
низ ҳаҷлаи мо сабзу хуррам аст.
17Болорҳои хонаи мо арзҳост;
вассаҳои мо сарвҳост.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy